Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Қисми таълим

IMG 7591 copy 2

 

 

БОБОЗОДА Шариф Қаноатшо,

муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Корҳои таълимию методиро дар донишгоҳ қисми таълим тавассути  банақшагирӣ, ташкил, мониторинг, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълим ва назорати сифати он ба роҳ мемонад.

Фаъолияти қисми таълим дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳуриявию байналмилалии эътирофшудаи соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, ки ҳама мазмуну мундариҷаи ҷараёни сифати таълимро инъикос менамоянд, ба роҳ монда шудааст.

Дар сохтори  қисми таълим Шӯрои методӣ, раёсати таълим ва мониторинги сифат, шуъбаи таълиму методӣ, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон,  маркази  бақайдгирӣ ва машаваратӣ, бахши идоракунии сифати таҳсилот ва бахши аналитикӣ-иттилоотӣ амал менамоянд.

Ҷараёни таҳсил дар шуъбаи рӯзона дар зинаи бакалавриат (4 сола), мутахассис (5 сола), магистратура (2 сола) ва доктор PhD  аз рӯйи ихтисос   (3 сола) тибқи низоми таҳсилоти кредитӣ  сурат мегирад. Дар тасили ғоибона ва ё фосилавӣ донишҷӯён ба таври таҳсили фосилавӣ (4 сола), таҳсил барои гирифтани маълумоти дувуми олӣ (3 сола) ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Қисми таълим фаъолияти худро барои ба нақшагирӣ, ташкил, мониторинг, ҳамоҳангсозии фаъолитяи таълим ва назорати сифати таҳсил мутобиқ ба талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи стандартҳои давлатии таълимии маълумоти олии касбии ҶТ оид ба ихтисосҳои мансуби донишгоҳ равона кардааст.

Муайян кардани самтҳои асосии такмили самаранокӣ, таҳияи таснифоти номгӯйи тахассусҳо, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои кори таълим, ҷадвалҳои раванди таълим,  хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаи сессияҳои санҷишу имтиҳонӣ ва аттестатсияи  хатм, коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯйи усулҳои нави таълим, такмили сифати таълим ва тадбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитию фосилавӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва садорати факултетҳо оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ самтҳои афзалиятноки кори қисми таълимро ташкил медиҳад.

Шӯрои методӣ, ки ба кори он муовини  ректор оид ба таълим роҳбарӣ менамояд, ба сифати маҳфили бузурги  илмию  педагогӣ ба ҳайати худ омӯзгорону донишмандони навҷӯю соҳибтаҷрибаро  гирд оварда, ҷараёни таълим ва сифату  самаранокии онро бо таъмини методии раванди машғулиятҳои  дарсӣ, ҳамвора мавриди муҳокима қарор медиҳад. Барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо), дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсии донишгоҳӣ баъд аз баррасию тавсияи ин Шӯро интишор мешаванд.

Дар доираи қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои методӣ ва талаботҳои низомномаҳои  нави тасдиқгардида,  қисми таълим тайи солҳои охир якчанд маротиба  лоиҳаи «Талаботи ҳадди аққали мазмуну мундариҷаи Стандарти давлатии  таълимии маълумоти олии касбии ҶТ оид ба ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ», нақшаҳои таълимии шакли таҳсили рӯзона, таҳсилоти фосилавӣ, таҳсилоти дуюми олии касбӣ, нақшаҳои таълимии дараҷаҳои академии бакалавр, мутахассис, магистратура ва доктор PhD аз рӯйи ихтисосро таҳия намуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ тасдиқ карда шуданд.

Беҳтар гардидани пойгоҳи моддию техникии ин махзани маърифатро метавон яке аз нишондодҳои пешрафти донишгоҳ  шуморид. Донишгоҳ соли 1931 дар шаҳри Хуҷанд бо як бинои таълимӣ фаъолиятро оғоз намуда, имрӯз бошад таълим дар 13 бинои таълимӣ амалӣ карда мешавад. Таъмини тадриҷии пойгоҳи моддию техникӣ ба афзудани теъдоди ихтисосҳо, кафедраҳо ва факултетҳо мусоидат намуд. Дар солҳои 30-юми асри ХХ, дар аввали таъсисёбии донишгоҳ нарасидани мутахассисонро аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ таъмин менамуд. Агар дар соли хониши 1931-1937 дар  19 кафедраи донишгоҳ 32 нафар омӯзгорони штатӣ (2 нафар омӯзгори соҳибунвон, номзад ва дотсент) барои тадриси донишҷӯён аз рӯйи 4 ихтисос фаъолият намуда бошанд, пас дар соли таҳсили 2020-2021 ин нишондиҳанда дар 51 кафедраи амалкунанда ба 450 нафар омӯзгорони штатӣ расид, ки аз он 7 нафар академики АИКТ, 3 нафар узви вобастаи АМИТ ва 5 нафар узви вобастаи АИКТ, 48 нафар доктори илм, 57 нафар профессор, 151 нафар номзади илм мебошанд.

Раёсати донишгоҳ барои иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ оид ба таъмин намудани муҷтамеи агросаноатии кишвар бо мутахассисони баландпояи замонавӣ тамоми тадбирҳои заруриро  меандешад, аз ҷумла, агар то соли 1991   дар донишгоҳ танҳо аз рӯйи 10 ихтисос мутахассис тайёр  мегардид, тӯли солои 1992-2001 ба он 10 ихтисоси нав (барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ, сохтмони иншооти гидротехникӣ, селексия ва генетикаи зироатҳои  кишоварзӣ, заминсозӣ, ташкили хоҷагиҳои фермерӣ (дехқонӣ), механиконии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот, маркетинг дар сектори аграрӣ, ҷангалпарварӣ ва технологияи истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ (чорводорӣ), тӯли солҳои 2002-2010  боз 11 ихтисоси нав (молия ва қарз (дар КАС), идоракунӣ дар сектори аграрӣ, пиллапарварӣ, агроэкология, истифодабарии комплексӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ, занбӯриасалпарварӣ, беҳдошти ветеринарӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ, бунёди чаманзор, геодезия тибқи талаботи муҷтамеи агросаноатӣ кушода шуда, ба омода намудани мутахассисони ҷавобгӯйи бозори меҳнат шурӯъ намуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми маърӯзаи худ ба муносибати 80-солагии донишгоҳ (08.10.2011) иброз доштанд, ки: “Нақшу вазифаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар давраи соҳибистиқлолӣ беш  аз пеш меоафзояд, зеро он яке аз ҷузъҳои муҳиму таркибии таъминкунандаи сиёсати аграрии мамлакат буда, бояд нерӯйи зеҳнии худро ҳарчӣ бештар ба ин самт равона намояд”. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки ҳамчун таҷриба дар ин донишгоҳ вобаста ба талаботи имрӯзаи истеҳсолоти кишоварзӣ ҷорӣ намудани ихтисосҳои ҳамгиро ба маврид аст. Бо мақсади иҷрои ин дастур, раёсати донишгоҳ 7 ихтисоси ҳамгиро (агрономӣ–менеҷмент, агрономи боғпарварӣ-иқтисодиёт, зоотехнология-менеҷмент, муҳандисии мошинсозӣ-менеҷмент, беҳдошти замин-менеҷмент, тибби ветеринарӣ–фарматсевт, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ–иқтисодиёт) ташкил намуд, ки баъди хатм мутахассисони ихтисосҳои мазкур соҳиби ду касб мегарданд. Соли 2015 раёсати донишгоҳ бо назардошти талаботи истеҳсолоти муосири кишоварзӣ 5 ихтисоси нави бакалавр (географияи низомҳои геоиттилоотӣ, технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, метрология, стандартикунонӣ ва сертификат (дар комплекси аграрӣ-саноатӣ), тиҷорат дар комплекси агросаноатӣ, ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ) ва 2 магистратураи байналмилалӣ (география (низомҳои геоиттилоотӣ), технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ) барои пешбурди фаъолияти таълимӣ таъсис намуд. Дар асоси талаботи бозори меҳнат ва ниёзи истеҳсолоти комплекси агросаноатии кишвар дар соли таҳсили 2020-2021 донишгоҳ барои омода намудани боз 7 ихтисоси нав (кадастри замин, омори кишоварзӣ, дендрология, логистика дар КАС, технология ва ташкили хизматрасонии сайёҳӣ (агротуризм), харгӯшпарварӣ ва энтомология) муаззаф гардида, имрӯз дар маҷмӯъ аз рӯйи 53 ихтисос дар зинаи бакалаврият ба омода намудани мутахассисон нигаронида шудааст.

Моҳи апрели соли 2017 донишгоҳ аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз Аттестатсияи навбатии давлатӣ гузашта, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28.04.2017, №5/7) ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 05.05.2017, №1586)  соҳиби “Иҷозатнома” оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ (АУ №0002271) то 05.05.2022 (аз 05.05.2017, №2875) гардид. Мувофиқи замимаи  Иҷозатномаи мазкур ба донишгоҳ барои 53 ихтисоси бакалавр (7 ихтисоси нав барои соли таҳсили 2021-2022–1-560102-Кадастри замин, 1-25010501-Омор дар КАС, 1-75020103-Дендрология, 1-75020324-Логистика дар КАС, 1-430302-Технология ва ташкили хизматрасонии сайёҳӣ (агротуризм), 1-74030108-Харгӯшпарварӣ ва 1-74020301 Энтомология) 35 ихтисоси магистр (2 ихтисоси нав – 74020101-Марғзорпарварӣ (чарогоҳпарварӣ) ва 1-75010101-Илми ҷангалпарварӣ ва ҷангалпарварӣ),  27 ихтисоси доктор PhD, 13 ихтисоси докторантура, 17 курсҳои  кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва  2 курсҳои кӯҳтоҳмуддати бозомӯзӣ (такмили ихтисоси устодону кормандон ва кадрҳои КАС)  иҷозат дода шуд.  Қабул ба 7 ихтисоси нави бакалавр аз соли таҳсили 2021-2022 оғоз гардид. Дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ номгӯйи ихтисосҳои донишгоҳ аз 10 ба 53 расид.

Дар асоси фармони вазири маорифи ҶТ № 923 аз 04.07.2007 дар бораи "Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ" ва бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ (сҷ. №1, аз 28.09.2007) аз соли таҳсили 2006-2007 ихтисоси 25010715 (0620) - "Идоракунӣ дар КАС" пурра ба низоми кредитии таҳсилот (НКТ) гузаронида шуд. Барои давра ба давра гузаштан ба ин низом аз ҷониби факултетҳо барномаҳои  кории фаннӣ (силлабусҳо) вобаста ба фанҳои таълимии нимсолаҳо тайёр карда шудаанд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №254, аз 29.04.2009 «Дар бораи  тасдиқи Барномаи давлатии рушди маорифи Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» ва фармони  вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №923, аз 04.07.2007 дар бораи «Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ” донишгоҳ дар соли хониши 2011-2012 бо назардошти пойгоҳи моддӣ-техникии донишгоҳ ва ҳуввияти миллии донишҷӯён низоми таҳсилоти кредитии хосро барои тамоми ихтисосҳои роиҷи  донишгоҳ роҳандозӣ намуд. Ҳоло тамоми курсҳои таҳсили рӯзона ва таҳсили фосилавӣ пурра тибқи низоми кредитӣ таҳсил менамоянд.

Ҳамасола, барои устодон курсҳои омӯзишӣ оид ба раванди амалишавии низоми таҳсилоти кредитӣ, низоми таҳсилоти фосилавӣ,  истифодаи технологияи муосир дар таҳсилоти фосилавӣ, аз бар намудани технологияи иттилоотӣ ва доскаи электронӣ, имлои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ба танзим даровардани ҳуҷҷатгузориҳо ва азхудкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида мешавад. Танҳо дар давраи таътили зимистонаи донишҷӯён дар соли таҳсили 2020-2021 бо дастур ва нақшаи тасдиқ  кардаи ректори донишгоҳ  курси омӯзишӣ ва такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар самти “Истифодаи журнали электронӣ”, “Истифодаи технологияи муосир дар низоми таҳсилоти кредитӣ”, “Истифодаи технологияи муосир дар таҳсилоти фосилавӣ”, “Санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, риоя ва татбиқи онҳо дар раванди ҳуҷҷатгузориҳо ва корбарӣ”, “Истифодаи технологияи муосир дар ҷараёни таълим”, “Усулҳои нави гузаронидани дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва КМРО”, “Такмили раванди таълими фосилавӣ, омода ва ҷойгир намудани маводҳои таълимӣ дар сомонаи фосилавӣ” ва “Такмили ихтисоси тахассуси аз рӯйи касбҳо” ташкил ва гузаронида шуд.  Бовари дорем, ки ин силсила омӯзишҳои гузаронида шуда ба амалишавии низоми таҳсилоти кредитӣ, низоми таҳсилоти фосилавӣ, баланд шудани сифати таълим ва донишазхудкунии донишҷӯён  дар донишгоҳ мусоидат хоҳад намуд.

Имрӯз барои истифодаи самарабахши омӯзгорону унвонҷӯён ва босифат гузаштани машғулиятҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯёни донишгоҳ 13 бинои таълимӣ,  220 синфхона, 69 озмоишгоҳи таълимию илмӣ, 18 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ, 13 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ  ва 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи  Ёвон хизмат менамоянд. Инчунин, барои пешбурди раванди таълим теъдоди зиёди воситаҳои техникӣ – иттилоотӣ мавриди истифода карор дода шуданд. Дар айни замон 886 компютер, 176  принтер, 69 телевизори калонҳаҷм, 48 проектор, 27 тахтаи электронӣ, 300 адад нуқтаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои техникии ёрирасон дар раванди таълим истифода карда мешаванд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани Барномаи Ҳукумати электронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ дар ибтидои соли таҳсили 2020-2021 ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам кардани раванди таълим, ҷорӣ намудани равандҳои инноватсионии таҳсил, махсусан барои аз байн бурдани  муносибатҳои номатлуб дар рафти қабули санҷишҳои фосилавӣ ва назорати бомароми давомоту сатҳи дарсазхудкунии донишҷӯён  дар донишгоҳ журнали электронӣ  тавассути  “Барномаи ягонаи идоракунии раванди  таълим” ташкил карда шуд, ки тибқи талаботи ин низом донишҷӯён аз супоридани санҷишҳои фосилавӣ озод гардида, бо ба даст овардани баллҳои ҳаррӯза аз пурсиши дарсҳо ва давомот  натиҷаи рейтинг ҷамъбаст карда мешавад.

Инчунин дар соли 2021 теъдоди нуқтаҳои Интернетӣ ба 300 адад расонида шуд, ки айни ҳол раёсати донишгоҳ бо тамоми зерсохторҳо, аз ҷумла бо қисмҳои таълим, илм ва иннноватсия, фарҳангу тарбия, робитаҳои байналмилалӣ, Маркази такмили ихтисоси кормандони КАС, иқтисоду хоҷагидорӣ, раёсатҳо, шуъбаҳо, марказу бахшҳо, садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳо бо интернет пайваст буда, коргузориро бо таври электронӣ ба роҳ мондааст.

Раёсати донишгоҳ доимо барои мустаҳкам намудани пойгоҳи таълимӣ ва таъсису муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳои илиию таълимӣ бо таҷҳизоти муосир талош меварзад. Танҳо дар соли таҳсили 2020-2021 дар донишгоҳ озмоишгоҳи нави илмии комплекси кишоварзӣ дар заминаи КВТТ-и “Ҳисор” - и шаҳри Ҳисор бунёд карда  шуд, ки заминаи муҳими таҷрибаомӯзиҳои амалии донишҷӯён мебошад.

Таҳсил дар донишгоҳӣ дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷараён дорад. Вобаста ба эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқи кишвар ва фармоишҳои давлатӣ теъдоди донишҷӯён зиёд гардида, ихтисосҳо ва тахассусҳои нав, ки талаботи бозори меҳнатро қонеъ мегардонанд, кушода шуданд. Афзудани шумораи донишҷӯёнро ба таври интихобӣ чунин баён кардан мумкин аст: дар соли таҳсили 1931-1932 336 нафар (бо назардошти факултети коргарӣ) ва дар соли таҳсили 2020-2021 11663 нафарро ташкил додааст, ки аз он 8435 нафар шартномавӣ, 3228 нафар буҷавӣ буда, аз ин 694 нафар духтарон ва 304 нафар шаҳрвандони хориҷа дар ҳамаи зинаҳои таҳсил ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ҳамин соли таҳсил дар зинаи магистратура 224 магистр ва дар зинаи докторантура 45 нафар доктор PhD ба таҳсил фаро гирифта шуд.

Ҷараёни таълим дар шуъбаи рӯзона аз рӯи 3 нақшаи таълимӣ сурат мегирад. Нақшаи таълимӣ барои  донишҷӯёни  курси 5, ки як кредит ба 24 соат баробар аст (соли 2016), нақшаи таълимии нав барои донишҷӯёни курси 2-4 (соли 2018) ва нақшаи таълимии типи нав (соли 2021) барои донишҷӯёни курси 1,  ки ба бахшҳо ва модулҳо тақсим карда шудааст. Инчунин, донишҷӯёни шуъбаи ғоибона  низ аз рӯйи 2 нақшаи таълимӣ, ки курсҳои 2 - 4 ба тарзи фосилавӣ ва курси 1 бо нақшаи таълимии типи нав,  ки як кредит - 24 соат аст ва ба бахшҳо ва модулҳо тақсим карда шудааст, таҳсил менамоянд.  Соли  сеюм аст, ки  донишҷӯёни  таҳсили дуюм олии   касбӣ  таҳсилро  ба  таври фосилавӣ оғоз менамоянд.  Ҳамчунин,  аз рӯйи як нақшаи таълим  дар  магистратура ва докторантура, ки  аз рӯи низоми кредитӣ ба таҳсил  фарогиранд.  Дар ин соли таҳсил барои 52 ихтисоси роиҷи донишгоҳ Барномаи таҳсилотӣ дар асоси Стандарти нави давлатии таҳсилот аз нав  таҳия карда шуда, барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми ҶТ пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон барои 53 ихтисоси роиҷ, ки  7 ихтисоси нав (дендрология, логистика, омори кишоварзӣ, кадастри замин, технология ва ташкили хизматрасонии сайёҳӣ (агротуризм), энтомология ва харгӯшпарварӣ)  мебошанд, ки имсол кушода шуда, аз рӯи 5- тои онҳо дар ин соли таҳсил бори аввал донишҷӯён қабул карда шуданд нақшаҳои таълимии типи нав таҳия  шуданд.

Дар шароити имрӯза мутахассиси соҳаи кишоварзӣ бояд аз технологияи муосир огоҳ буда, роҳбари ихтисосноки хоҷагиҳои иҷоравӣ, фермерӣ ва ҳамчун мутахассис таҳлили агрономию иқтисодӣ ва банақшагирии соҳаи худро анҷом дода тавонад. Дар ин мав-рид  мақоми  таҷрибаомӯзиҳо, алалхусус таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ барои мустаҳкам ва мукаммалшавии донишҳои амалию назариявии донишҷӯ, идоракунӣ ва ташкили босуботи истеҳсолот дар  шароити хоҷагии маъмул аҳамияти калон дорад.

КВТТ-и “Ҳисор” - и шаҳри Ҳисор омода аст, ки миқдори муайяни донишҷуёнро аз рӯйи ихтисосҳои агрономӣ, боғдорӣ, зооветеринарӣ, тибби ветеринарӣ, муҳандисӣ ва иқтисодӣ қабул намояд. Дар ҳудуди ин хоҷагӣ машқгоҳи  таълимии донишгоҳ бо иқтидори қабули 100 нафар донишҷӯ дар як вақт ва техникаи зарурӣ, синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо (хокшиносӣ, ихтиология, комплекси кишоварзӣ), ҳавзи моҳӣ ва қитъаҳои таҷрибавӣ мавҷуд мебошад. Дар пойгоҳи хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор» якчанд озмоишгоҳҳо ва фермаи ширию молии КВТТ «Ҳисор» барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯёни факултетҳои зооинженерию тибби ветеринарӣ, озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳо барои дарсхонӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки  имконияти дар сатҳи баланд гузаштани таҷрибаомӯзиҳои таълимию технологӣ ва истеҳсолиро  таъмин менамоянд.

Барои дар сатҳи баланд гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ бастани шартномаҳои дутарафа  бо хоҷагиҳо ва муассисаҳои пешқадами ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Имрӯз тибқи шартномаҳои мазкур донишгоҳ  метавонад  бештар аз 2000  нафарро дар як вақт бо ҷойи таҷрибаомӯзӣ таъмин намояд. Дар ин самт солҳои охир аз ҷониби қисми таълим, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳои алоҳида корҳои назаррас иҷро шудааст. Агар дар соли 2008-2010 миқдори шартномаҳои басташуда ҳамагӣ 150 - 180 адад бошад, имрӯз миқдори ин шартномаҳо ба  зиёда аз 300 расидааст. Барои амалӣ  намудани донишҳои назариявии гирифтаи донишҷӯён ва бо сифат гузаронидани машғулиятҳои амалӣ  ҳоло дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳои илмӣ дар асоси шартномаи дутарафа  59 филиали кафедраҳо таъсис дода шудааст. 

Ҳамзамон, тибқи созишномаҳои басташудаи тарафайн ва тавассути амалисозии лоиҳаҳо бо барномаву муассисаҳои таълимиву илмӣ ҳамасола 50-70 нафар омӯзгор, аспирантону магистрон  ва  40-50 нафар донишҷӯёни донишгоҳ имкон пайдо мекунанд, ки ба мамлакатҳои қитъаҳои Аврупою  Осиё  сафарҳои илмӣ, коромӯзӣ, такмили ихтисосро анҷом дода, бо усулҳои муосири таълиму тарбия, истифодаи технология ва таҷҳизоти навин дар тадқиқотҳои илмӣ, низоми бисёрзинагии таълим шинос гардида, онро дар фаъолияти илмиву омӯзгории худ истифода  ва  мавриди омӯзиши дигарон қарор  диҳанд.

Ҳоло донишҷӯёну магистрон ва докторон аз рӯйи ихтисос  дар раванди таълим аз дарсҳои устодони варзида Маҳмадёрзода У.М., Салимзода А.Ф., Мирзоев Д.М., Аҳмадов Ҳ.М., Набиев Т.Н., Гулов С.М., Сардоров М.Н., Шарипов З.Р., Нимадҷонова К.Н., Мадаминов А.А., Аҳмадов Б.Р., Муҳиддинов С.М., Норов М.С., Идрисов Т.Ч., Исмоилов М.И., Пиризода Ҷ.С., Раҷабов Ф.М., Сафаров Х.С., Рӯзиев Т.Б., Қодиров Қ.Ғ., Икромов И.И., Тошпулотов М.М., Қаҳоров Қ.Ҳ.,  ки ҳар яке дорои мактаби бузурги илмию омӯзгорӣ мебошанд, истифода менамоянд. Натиҷаи заҳмату талошҳо  ва навовариҳои илмию методии омӯзгорон ба сатҳи  донишандӯзии донишҷӯён таъсири мусбат расонида, сифати  таълимро тадриҷан  беҳтар   мегардонад.

Донишҷӯён рисолаи хатм ва  магистриро зери роҳбарии омӯзгорони ботаҷриба  навишта  ва дар ҳузури Комиссияи аттестатсияи хатм дифоъ мекунанд.

Исбот гардидааст, ки дар замони муосир пешрафти  иқтисодии ҳар як кишвар аз сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар мактаби олӣ вобастагии зиёд дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф  ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Бо дар назардошти ин,  раёсати  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур  ба  рушди босуботи  донишгоҳ  диққати  ҳамаҷониба  дода, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмиллалии таҳсилот тамоми имкониятҳои худро истифода менамояд.

Яке аз роҳҳои ҷалби ҷавонон барои таҳсил  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, қабули духтарон ва писарони лаёқатманди деҳоти дурдасти мамлакат тибқи саҳмия (квота)- и  Президенти ҶТ мебошад. Ин тарзи қабули духтарон ба ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ аз соли 1997 шурӯъ шуда, то ҳол  амал мекунад.

Дар донишгоҳ  тибқи квотаи Президентӣ  246 донишҷӯ таҳсил менамояд, ки аз онҳо 51  нафар  духтарон  мебошанд. Дар байни духтарон ва писарони бо квотаи Президентӣ таҳсилкунанда онҳое ҳастанд, ки дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Дар солҳои гуногун устодон Мещеряков А.М., (1952-1954), Горбунов А. И.(1954-1959) Қосимов Ҷ. Қ. (09.1960-05.1973), Эшонов И. (06.1973-11.1975, 10.1982-11.1986), Мадаминов А.А. (12.1973-09.1989), Ризоев А. Б. (12.1986-08.1995), Нимадҷонова   К.Н. (1995-1999), Сардоров М. Н. (1999-2002), Гулов  С. М. (05.2002-01.2009), Салимзода А. Ф. (01.2009-12.2013), Маҳмадёрзода У.М. (12.2013 -02.2019) ба ҳайси муовини ректор оид ба таълим ифои вазифа намудаанд. Дар айни замон ин вазифаро дотсент Бобозода Ш.Қ. ба зимма дорад.