ЗАҲМАТҲО ҚАДРДОНИ МЕШАВАД
Боиси ифтихор аст, ки ду профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар остонаи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25-уми августи соли 2022 бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи АИКТ, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон САЛИМЗОДА АМОНУЛЛО ФАЙЗУЛЛО барои фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва хизматҳои содиқона бо ордени “Шараф дараҷаи II” ва доктори илмҳои ветеринарӣ, профессори кафедраи фармакалогия ва паразитология МИРЗОАХМЕДОВ ШОАҲМАД РАҶАМАТОВИЧ бо унвонии фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон" шарафёб гардиданд.
Ин ду профессори муҳтарамро барои ноил гаштан ба ин дастоварди баланд аҳли раёсат, устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ самимона табрик гуфта, муваффақият, музаффарият, хушбахтӣ, комёбиҳои шоёнро дар фаъолияти меҳнатӣ, таълимӣ ва илмӣ хоҳонанд.
Аҳли коллективи донишгоҳ