Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Вазифаҳои шуъба

Ташаккул додани ҳамкориҳои байналмилалӣ  бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар  ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти  таълим,  илм, ба роҳ мондани  мубодилаи академии донишҷӯён ва  бозомӯзии омӯзгорон   ва ходимони илмӣ мебошад.

Шуъбаи идоракунии фаъолияти байналмилалӣ  фаъолиятро аз рӯи самтҳои зерин иҷро мекунад:

  • Мустаҳкамнамудани  ҳамкориҳои байналмилалӣ
  • Бастани созишномаҳои ҳамкорӣ  дар самти гирифтани  маълумоти олӣ, баъди хатмӣ ва иловагӣ;
  • Ба роҳ мондани  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар якҷоягӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои  хориҷ;
  • Иштирок дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ ва лоиҳаҳо;
  • Мубодилаи ҳайати омӯзгорон бо   донишгоҳҳои хориҷ;
  • Татбиқи барномаҳо оид ба гирифтани  ду диплом дар зинаи бакалавриат ва магистратура;
  • Коркарди  лоиҳаҳо дар самти таълим бо донишгоҳҳои хориҷ;
  • Ба роҳ мондани бозомӯзии   муҳақиқони ҷавон дар иҷро намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дастрас намудани маводҳо  дар доираи  мубодилаи академӣ;
  • Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар доираи озмунҳо барои дарёфти барномаҳои грантии байналмилалӣ  ва стипендиявӣ;
  • Таълим додани хатмкунандагони беҳтарин дар зинаи магистратураи донишгоҳҳо-шарикони хориҷ;
  • Рушди мубодилаи академӣ;
  •  Ба роҳ мондани  бозомӯзии магистрон, докторантон ( PhD) дар хориҷи кишвар;
  • Ташкил ва ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён дар хориҷи кишвар.