Хабарҳо
Санаи 14.03.2018 вохӯрии намояндагони донишгоҳи Шимолу-Ғарби кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии мардумии Чин бо раёсати ДАТ ба номи Ш.Шотемур баргузор гардид, ки дар рафти вохӯрӣ созишнома барои ташкили агропарк дар базаи хоҷагии илми-истеҳсолии донишгоҳ дар шаҳри Ҳиссор ва Маркази омӯзиши забони хитоӣ баста шуд.
Санаи 19.12.2018 тариққи бархат дар мавзӯи “Технологияҳои геномӣ дар чорводорӣ” аз ҷониби профессори Донишкадаи давлатии кишоварзии шаҳри Кемеровои Федератсия Россия Кемерова Наталя Анатолевна Чалова ба донишҷӯёни факултети ветеринарии ДАТ ба номи Ш.Шотемур хонда гузашт.
Санаи 20.12.2018 ба донишгоҳ Намояндагони Ташкилоти озуқаворӣ СММ Недка Иванова ва Бапаев К. дар доираи лоиҳа дар самти “Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти давлатии назорати бойторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат” вобаста баррасӣ ва ташкили курсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯёни факултетҳои тибби ветеринарӣ ва иқтисодии донишгоҳ ташриф оварданд.
Ҷонишини директори ташкилоти “PRAXX- Олмон Изатулло Ғиёсов санаи 25.12.2018 барои гузаронидани семинари омӯзишӣ ва рафти таҷрибаоомӯзии истеҳсолиӣ дар давлати Олмон ташриф оварда, ба донишҷӯёни факултеҳои агрономӣ, тибби ветеринарӣ, зооинженерӣ ва агробизнес тавассути презентатсия аз рафти таҷрибаомӯзӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, иштирок дар конференсияю семинарҳо изҳори ақида намуд. Зимни вохӯриӣ бо ректори донишгоҳ, профессор Салимзода А.Ф. вобаста ба ҷалби донишҷӯён барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва риояи талаботҳо зимни сафар ҳамсӯҳбат гардид.
Санаи 25.12.2018 – муовини рктор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Авруосиёи Қазоқистон ташриф оварда, дар масъалаи ҷалби хатмкунандагони донишгоҳ ба зинаи магистратура ва ба роҳ мондани мубодилаи академӣ бо ректори донишгоҳ ҳамсуҳбат гардиданд.
Зимни ташрифи намояндагони Донишкадаи бехатарии амнияти ғизоӣ ва Донишкадаи механиконии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии чумҳурии Мардумии Чин сани 14.01.2019 созишномаи ҳамкорӣ байни донишкадаҳои мазкур ва донишгоҳ барои сохтани гармхонаҳо ва парвариши зироатҳои хоҷагии қишлоқ дар пойгоҳи хоҷагии таълимӣ- истеҳсолии донишгоҳ, ки дар шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, баста шуд.
Дар доираи Созишномаи ҳамкории басташуда бо Донишгоҳи давлатии аграррии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия дар самти таълим ва илм, табодули донишчӯён и донишгоҳҳо роҳандозӣ гардид, ки санаи 28.01.2019 донишҷӯёни факултетҳои молия ва қарз, иқтисодӣ ва ветеринарӣ Чакаев Н., Юсупов И., Боймуллозода А. ва Бузуруков А. барои идома додани нимсолаи дуюми соли хониши 2018-2019 равона гардиданд. Ҳамзамон донишҷӯи курси сеюми факултети иқтисодии донишгоҳи мазкур Ерназарова С.А. барои идома додани таҳсил дар ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ташриф овард, вобаста ба раванди таълим дар донишгоҳ ректори донишгоҳ, профессор Салимзода А.Ф. бо ӯ суҳбат гузаронида, иброз намуданд, ки барои ҳалли тамоми масъалаҳое, ки дар давраи таҳсил дар донишгоҳ рӯ ба рӯ мегардед метавонед, дар якҷоягӣ бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ бартараф намоед.
Имрӯз 22.04.2019 дар доираи лоиҳаи “Мубодилаи академӣ ва хондани лексия аз тарафи мутахассисон бо Донишгоҳи илмҳои тибби ветеринарии Эстония”, ки маблағгузории лоиҳа баронмаи ЕRАSМУS+ (Эразмус+) мебошад, мутахассисони соҳаи тибби ветеринарӣ ва зооинженерии донишгоҳи мазкур ба донишгоҳ ташриф оварданд. ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло бо меҳмонон вохӯрӣ намуда, вобаста ба самти фаъолияти донишгоҳ дар самти таълим, илм ва робитаҳои байналмилалӣ ибрози ақида намуданд, сипас мутахассисон барои донишҷӯёни факултети зооинженерии донишгоҳ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз лексия оғоз намуда, баъдан барои донишҷӯёну магистрони факултети тибби ветеринарӣ идома медиҳанд.
Санаи 24.06.2019 дар пойгоҳи донишгоҳ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он-дар алоқамандӣ бо иқлим ва озуқаворӣ” бо иштироки 60 нафар олимону мутахассисони соҳа аз муассисаҳои олӣ ва ташклотҳои байналмилалии кишварҳои Австрия, Испания, Фаронса, Олмон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. Конференсияи байналмилалиро муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед Шодӣ ифтитоҳ бахшид, ҳамзамон ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло дар масъалаи дигаргуншавии иқлиим, таъсири он ба соҳаи кишоварзии мамлакат ва сардори гурӯҳи кории конференсия аз Иттиҳоди Аврупо, ҷаноби Стефано Еллеро ибрози ақида намуданд. (замима)