Якдил бишавему мулк обод кунем!
23-юми октябри соли равон ба ифтихори ҷашни 90-солагии таъсисёбии донишгоҳ дар донишгоҳ чорабинии бузурги илмию амалӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо, корхонаву хоҷагиҳо ширкат варзиданд. Аксарияти эшон дастпарварони донишгоҳанд. Тантанаи идона бо бардоштани парда аз рӯйи нимпайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур оғоз ёфт. Мавриди зикр аст, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 октябри соли 2009 Муассисаи давлатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи ин фарзонафарди миллат гузошта шуд. Гузоштани нимпайкараи Қаҳрамон идомабахши сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша иззату эҳтирому бузургдошти шахсиятҳои барҷаста ва посдории мероси гузашта ва имрӯзаро дар ҷойи аввал мегузоранд.
Сипас, ҳозирини ҷашнвора аз гулгашти “Чеҳраҳои мондагор” дидан намуданду бо ҳаёту фаъолияти олимони шинохтаи донишгоҳ, ки бо кору фаъолият ва ихтирооташон шуҳратманд гаштаанд, ошноӣ пайдо карданд.
Намоиши дастоварҳои факултетҳои донишгоҳ ба таври ҳозиразамону инноватсионӣ ташкил шуда буд, писанди ҳамагон гашт.
Дар идома ҳозирин шоҳиди бурида шудани навори рамзии синфхона –озмоишгоҳи муосири кластерикунониииииииии шуданд. Пас аз он бо раванди корбарӣ дар китобхонаи марказии донишгоҳ шинос шуданд. Осорхонаи ба тозагӣ таъмиру таҷдидгардидаи донишгоҳ мақбули бинандагон гардид.
То саршавии конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мутобиқгардонии соҳаи кишоварзӣ ба ивазшавии иқлим: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» ҳозирини толори асосии фарҳангии донишгоҳ филми мустанадро дар бораи таърихи фаъолияти таълимию илмӣ, фарҳангию ободкориҳои донишгоҳ тамошо карданд. Соати 10.00 Суруди миллӣ танинандоз гардид. Пас аз он конференсия шуруъ шуд, ки ба кори он профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур- ректори донишгоҳ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Ӯ иштироккунандагони тантанаро хайрамақдам намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки: Ҳозирини муҳтарам, меҳмонони гиромиқадр, омӯзгорон ва донишҷуёни азиз! Ин лаҳзаҳо ҳамаи мо ба ифтихори таҷлили 90-умин солгарди ягона донишгоҳи пойгоҳии кишоварзии кишвар ҷамъ омадаем. Кулли меҳмонони олиқадрро, ки ба ин даргоҳи маърифату илм қадам ранҷа фармудаанд хайра мақдам мегӯем! Шумо бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат ва самимияти хосса омадаед. Барои ташриф, ихлосу лутфу қадршиносӣ миннатдории беандоза, ки даъватамонро пазируфтеду ба хурсадиамон шарик шудед. Ҷашни бузурги 90-солагии донишгоҳро ба шумо ҳозирини гиромӣ ва дар шахсияти шумо ба кулли мардуми кишвари соҳибистиқлоламон самимона табрик мегӯям.
Барои мо ифтихори бузург аст, ки ҷашни донишгоҳ бо 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Дар муддати 30 соли соҳибистиқлолӣ миллати мо аз садҳо нишебу фарозҳои таърихӣ ва озмоишҳои сахту сангин гузашта, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламшумул, эҳёгарӣ ва фазилатҳову арзишҳои ниёгони худро нигоҳ дошт ва ба ҷаҳониён онҳоро нишон дод. Гузаштагони мо бо талқини афкори пурарзиши ниёгон - пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори неки худ беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намуд ва ин арзишҳои пурҳикматро дар тӯли асрҳо барои ташаккули асолатҳои волои миллӣ ва башарӣ истифода намуд.
Донишгоҳ дар давоми 90 соли фаъолият барои истеҳсолоти кишоварзии ватани азизамон ва берун аз он зиёда аз 55786 нафар мутахассиси баландпоя тайёр намудааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин теъдод зиёда аз 34700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва он 62,2 фоиз аз теъдоди умумии хатмкардагон мебошад. Хатмкардаҳои донишгоҳ дар вазифаҳои масъули давлатию ҷамъиятӣ солҳои тӯлонӣ фаъолият намуда дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштаанд.
Мо - устодону профессорони имрӯзи донишгоҳ мефахрем, ки имрӯз чандин нафар хатмкардаи донишгоҳ депутати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо нафари дигар намояндаҳои мардумӣ дар маҷлисҳои гуногун мебошанд. Дастпарварони донишгоҳ ходимони намоёни ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошанд. Хатмкардаҳои донишгоҳ узви вобаста ва пайвастаи АМИ ҶТ, АИКТ ва ВАСХНИЛ интихоб шудаанд, қисме роҳбарони муассисаҳои илмӣ, академияҳо, докторҳо, профессорҳо ва дотсенту номзадҳои илм ҳастанд, ки чанде аз онҳо имрӯз дар ин толори барҳаво ширкат доранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ донишгоҳ дар партави пешравиҳои Тоҷикистони озоду шукуфон ба дастовардҳои шоён ноил гаштааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ин давра чор маротиба: 20 - ноябри соли 2001; 1 - сентябри соли 2006; 8 - октябри соли 2011 ва 26 – уми июни соли 2015 ба донишгоҳ ташриф овардааст. Пешвои муаззами миллат ҳар куҷое, ки қадам мениҳанд пайи қадамашон нек асту албатта ободиву созандагӣ дар он ҷо пайгир аст. Ин амали хайр дар донишгоҳи мо низ сурат гирифт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҳамчун таҷриба дар ин донишгоҳ ҷорӣ намудани ихтисосҳои васеъсамт ба маврид аст, ки баъди хатм мутахассисони ихтисосҳои мазкур соҳиби ду касб мегарданд. Дар асоси ин дастури Пешвои муаззами миллат аз соли 2012 дар донишгоҳ ҳафт ихтисоси ҳамгиро таъсис дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асоси бинои таълимии факултети агробизнесро низ гузоштанд ва 29 августи соли 2017 дар остонаи соли хониши 2017-2018 ин бинои хуштарҳу зебои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Донишгоҳ рӯ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ овардаасту барои баробарарзиш донистан, қурбнок шудани дипломи намунаи дипломи давлатӣ, ба фазои ин таҳсилот ворид гардида, аз соли таҳсили 2011 – 2012 пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузашт. Имрӯз дар донишгоҳ 10 факултет фаъолият дораду дар 51 кафедра 7 академики АИКТ, 6 нафар узви вобастаи АМИТ ва АИКТ, 47 нафар докторони илм, 51 нафар профессор, 150 нафар номзади илм ба таълиму тадрис машғуланд. Агар то соли 1991 дар донишгоҳ аз рӯйи 10 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд, дар 30 соли соҳибистиқлолӣ 41 ихтисоси нав кушода шуд.
Мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони донишгоҳ пурра ба талаботи кунунии соҳаи кишоварзӣ ҷавобгӯ мебошанд. Донишгоҳ муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо муассисаҳои таълимию илмии кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ мондааст. Алҳол бо 142 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи дуру наздик ва 19 барномаи ташкилотҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Бори дигар шумо ҳозирини гиромиро бо ҷашни фархундаву муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 90-умин солагарди донишгоҳ самимона муборакбод намуда, бароятон хушбахтиву хонаободӣ, сари баланд, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ, сулҳу суботи абадӣ ва аз ҳама асосӣ тани сиҳату комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Сабурзода Мирзодавлат-сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиёзода Сулаймон Ризоӣ-вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайринисо Юсуфӣ-муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Қодир Қосим-муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салимзода Амонулло Файзулло-муовини аввали Раиси вилояти Хатлон, Эсполов Тлектес Исабаевич-раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои пешоҳанги кишоварзии ИДМ(тавассути бархат(онлайн), профессор Хоҷазода Тоҳир Абдулло-ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон (аз номи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар) аҳли донишгоҳро бо санаи фархундаи 90-солагии таъсиёбии ягона муассисаи погоҳии кишоварзии кишвар табрик намуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Профессор Кароматуллоев Эркин Саломович -собиқадори меҳнат аз номи аҳли донишгоҳ ба меҳмонон барои иштирок ва лутфу илтифот таваҷҷуҳашон изҳори сипос намуд.
Бахтиёр Ҳоҷиев-котиби Шӯрои олимони донишгоҳ қарори Шӯрои олимони донишгоҳро дар бораи бо унвони профессори фахрии донишгоҳ сазовор донистани Абдураҳмон Қодирӣ ва Зайниддинов Абдуҷаббор–раиси хоҷагии шаҳри Кӯлоб қироат кард.
Абдуҷаббор Зардиев барои қадрдонӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои ансамбли халқии “Гулдаста” ва овозхонони машҳури кишвар Шуҳрат Сайинаков, Афзалшо Шодиев, Файзалӣ Ҳасан ва Ҷовидон Нозимов манзури ҳозирин гардонида шуд.
Шоҳсанам Бомулозода ва Меҳроҷ Султонов бо маҳорати баланд тантанаро ровигӣ карданд.
Пас аз анҷоми қисми тантанавӣ конференсия дар бахшҳо идома ёфт.
Тантанаи идона бахшида ба 90-солагии донишгоҳ бошукуҳу ҷолиб ва хотирмон гузашт. Ба ифтихори ҷашн дар донишгоҳ корҳои зиёди созандигиву ободкорӣ анҷом пазируфтанд, ки онҳо ба ҳусни донишгоҳ Ҳусни тоза бахшиданд. Саҳни бинои асосӣ ҷомаи нав ба бар кардааст, болои қолини сафолини наққошӣ шуда кас бо умеди фардои боз ҳам дурахшон қадам мениҳаду қалбаш саршор аз фараҳ мешавад. Нимпайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, гулгашти “Чеҳраҳои мондагор” башорат медиҳанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба қадри бузургони миллат мерасанду номи онҳоро гиромӣ медоранд. Бинои асосии донишгоҳ ба куллӣ дигаргун гаштааст. Баробари ба он ворид шудан қалбу рӯҳ фараҳманд аз он мегардад, ки шоҳкорона муқаддасоти миллӣ, лавҳаҳо бо низому моҳирона васлу насб гардидаанд. Ваҳдату ташаббускории аҳли донишгоҳ сарчашмаи ин ҳама пешравиҳоянд. Якдиливу хештаншиносӣ боис гардида, ки дар як муддати кӯтоҳ ин ҳама бунёдкориҳо анҷом ёбанд. Умед мекунем, ки ин якдиливу ташаббускориҳои неку наҷиб пойдор монаду боиси боз ҳам ободшавии мулки биҳиштосои Тоҷикистон гардад.