ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МИҲД- и НОҲИЯ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР
Санаи 10-уми феврали соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур вохӯрии намоянгони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо хатмкунандагони ин муассисаи олӣ баргузор гардид. Ин мулоқот дар доираи сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ доир шуда, дар он ректори донишгоҳ Маҳмадёрзода Усмон Маъмур низ иштирок намуд.
Дар толори асосии донишгоҳ ва дар фазои орому самимӣ суҳбати рӯ ба рӯйи намояндагон бо донишҷӯён баргузор гардид. Зимни суханронӣ намояндаи Вазорати мудофиа доир ба аҳамияти таҳсил, масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар таъмини амнияту суботи кишвар ибрози назар намуд. Таъкид гардид, ки имрӯз ҷавонони донишманду ватандӯст омили асосии пешрафти давлат ба шумор мераванд.
Мавзӯи меҳварии мулоқот ба тарҳи нави қонун дар соҳаи хизмати ҳарбӣ бахшида шуд. Тибқи ин тарҳ, минбаъд хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар метавонанд, бо гузаштан аз курси махсуси семоҳа ҳамчун афсар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд. Ин ташаббус ҳамчун имконияти мусоид барои ҷалби мутахассисони ҷавон ҷиҳати фаъолият дар сохторҳои низомӣ ва истифодаи донишҳои касбии онҳо арзёбӣ гардид.
Дар идомаи чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз имкониятҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроия барои даъватшавандагон роҳандозӣ гардидааст, суханронӣ намуд.
Дар охири вохӯрӣ миёни намояндагон ва донишҷӯён саволу ҷавоби фаъол сурат гирифт. Донишҷӯён суолҳои худро вобаста ба тартиби хизмат, шароити фаъолияти афсарон ва дурнамои касбӣ матраҳ намуда, посухҳои қонеъкунанда дарёфт карданд.




