Вохӯрӣ бо донишҷӯёни соли аввали донишгоҳ
Тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе санаи 10.12.2021 дар донишгоҳ вохӯрӣ бо донишҷӯёни соли аввал таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиҳо, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии фарҳанги бегона» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Холов Давлатманд намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипов Додихудо мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Ғафорзода Юсуф мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва 700 нафар устодону донишҷӯёни соли аввал иштирок карданд.