Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Сад файзи замин ба рӯйи хон аст

rector 

 

 

 

 

Сад файзи замин ба рӯйи хон аст

Табрикоти ректори донишгоҳ Маҳмадёрзода Усмон Маъмур- профессор, узви вобастаи АИКТ

 Барои аз нав эҳё гардонидани ҷашну оинҳои миллӣ ва поянда гардондани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста мебошад, аз ҷумла дар зиндаву  поянда сохтани ҷашнҳои аҷдодӣ аз қабили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада.  Ин ҷашнҳоро гузаштагонамон "Ҷашнҳои чоргона" номидаанд, чунки онҳо ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта идомаи мантиқии якдигаранд. Таърихи ин идҳо то замонҳои қадимтарин рафта мерасад ва ҳар яке дар заминаи воқеаҳои нотакрор пайдо гашта, хусусиятҳои фарқкунанда ва хоси худро доранд. Наврӯз ибтидои баҳор - шуруи фасли ҷадид аз ҳаёти табиат ва инсон мебошад. Тиргон оғози тобистон буда фаровонии обро дар бар мегирад. Меҳргон ибтидои фасли тирамоҳ, ки тағйир ва табдили санавии табиат аст. Сада дар фасли зимистон ҷашн гирифта мешаваду омодагӣ ба корҳои саҳроӣ мебошад.

Ифтихори бузург аст, ки мо ҳамчун мутахассиси соҳа ба таҷлили ин ҷашнҳо оғоз мебахшем. Ба ҳукми анъана даромадани ҷашнгирии Меҳргон низ аз донишгоҳи мо сарчашма мегирад. 8 октябри соли 2011  80 – солагии таъсисёбии донишгоҳ таҷлил гардид. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ташриф оварда суханронӣ намуданд ва он рӯзи муборак ба иди Меҳргон- иди кишоварзону деҳқонон рост омада буд. Қадамҳои Пешвои муаззами миллат дар баробари нуру сафо овардан, боз боиси он гардид, ки гузаронидани иди Меҳргон дар саросари кишвар ба ҳукми анъана дарояд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон аз ҷумла қайд карданд, ки: «Меҳргон- яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсиву фарҳангии давраҳои гузашта, ҷашни Меҳргон то имрӯз соҳиби эътибору манзалати хос мебошад ва файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд».

Меҳргон яке аз бошукуҳтарин ва куҳантарин ҷашнҳои миллии ниёгони мо буда, доир ба таърихи пайдоиш ва густариши он дар миёни олимон фикру андешаҳои ҷолиби диққат ба вуҷуд омадаанд. Мардумони форсу тоҷик Меҳргонро ҳамчун рамзи аҳду паймон, дӯстиву муҳаббат, покию покизакорӣ ва гуфтору рафтори нек арзёбӣ намуда, таърихи пайдоиш ва таҷлили бошукуҳи он ба давраҳои куҳантарини таърих пайванд аст. Меҳргон ҷашни кишоварзон буда, он аз маросимҳои рӯёнидани ҳосили деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию шафқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Яке аз падидаҳои неки ҷашни Меҳргон дар он аст, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаи хеш шукрона мекарданд ва либосҳои шинаму тоза ба бар карда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода намуда, шодию нишот мекарданд.

Дар ҷашни Меҳргон мардум кӯчаю хиёбонҳо ва хонаҳоро тозаю озода намуда, бо либосҳои шинаму зебо ба базмгоҳи Меҳргон меомаданд ва то поёни шаб хурсандию рақсу таронахонӣ менамуданд.Тибқи муқаррароти ин ҷашн одамон кинаю кудуратро аз худ дур карда, сӯйи якдигар бағали меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ мекушоданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва чизҳои дорои бӯйи хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳанд. Нони махсуси Меҳргон аз омехтани орд ва ҳафт навъи ғаллаи гуногун таҳия мегардид. Дар ин ҳафт навъи ғалла гандум, ҷав, биринҷ, нахуд, лӯбиё, мош ва арзан дохил мешуд.

 Сабаби дар тирамоҳ ҷашн гирифтани Меҳргон мувофиқ омадани номи рӯзу моҳи Меҳр дар тақвими хуршедӣ мебошад ва дар ин фасл ҳамаи дарахтону гиёҳон ҷомаи заррин ба бар мекунанд, ки гӯё аз фурӯғи Меҳр ҳама ҷо тиллоӣ мегардад. Меҳргон ҷашни тирамоҳ асту тирамоҳ фасли фаровонист.  Деҳқонони гулдаст дар аввали баҳор бо чӣ қадар орзую умедҳо дона пошида буданд,  дар ин айёми тирамоҳи тиллоӣ,  яъне дар фасли зарнисор ҳосили фаровони хешро меғундоранд ва ризқу рӯзии мардуми кишварамонро таъмин мекунанд. Ба фасли заррини тирамоҳ рост омадани Меҳргон далолат ба он аст, ки он ҷашни бардошти дастранҷи деҳқон ба хотири шукронаи офаридагор доир мегардидааст. Меваҳои себу нок, анҷиру лиму ва ғайра, ки ранги зарду норинҷӣ доранд, дар ин фасл пухта мерасанд ва зиннатбахши зиннати дастархони меҳргонӣ мешаванд.

Боиси хушнудист, ки имрӯз ҳатто дар дурдасттарин шаҳру деҳоти кишвар суруди хирманкӯбон,озмунҳои бузкашию аспдавонӣ, гуштингирию шеъру таронахонӣ, идҳои харбузаю себ, ангуру асал, байтбаракон, дорбозию бандкашӣ,маъракаҳои ободонии кӯчаю хиёбонҳо, хонаҳо ҳашарҳои умумихалқӣ ва даҳҳо дигар расму оинҳо ва маросимҳои аҷдодӣ танинандозанд, ки ин ҳама аз файзи соҳибистиқлолӣ ва сиёсати фарҳангдӯстонаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус аз иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғизо мегиранд.

Раванди имрӯзаи ҷаҳонӣ дар ҳолати тезутунд қарор дорад, бинобар ин, моро зарур аст, ки ба тамоми қишрҳои ҷомеа хислатҳои ҳамидаи ҷашнҳои суннатии миллии Сада, Наврӯз, Меҳргонро фаҳмонем. Таҷлили ин идҳо метавонад ба вусъати дӯст доштану ҳифзи марзу буми ватани аҷдодӣ, замин-модар, муқаддасоти меҳан ва худогоҳию хештаншиносӣ, бедории ҳисси миллӣ ва зиракии сиёсии наврасону ҷавонон мусоидат намояд. Ба василаи таҷлили ҷашнҳои суннатии миллӣ мо ба сӯйи асолати таърихии хеш баргашта анъанаҳои гузаштагонамонро эҳё намуда истодаем. Мо Меҳргони Аҷамро ҳамчун айёми фархундаи солу анҷоми корҳои деҳқонӣ бо дастовардҳои шоёну самимияти хоса ид мекунем.

Аҳли донишгоҳ ва дар шахсияти онҳо мардуми шарифи Тоҷикистони азизро бо ин рӯзи фирӯз табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатию саодатмандӣ, хушиҳои рӯзгор, бахту иқбол, комёбиҳои бузургро таманно намуда, хоҳони онам, ки кулли орзуҳои неки халқи шуҳратёрамон ҷомаи амал пӯшанд. Таманно менамоем, ки Меҳргон ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ саодату фараҳмандӣ, оромиву осудагӣ, баракату фаровонӣ биёрад.

Меҳргон  омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,

Нек рӯзу нек ҷашну нек вақту нек ҳол.