Расонидани кумаки пулию молӣ дар арафаи Иди шарифи Рамазон
Санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар пайрави ба амалҳои хайру саховати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 26 нафар ятимони кулл, 12 нафар маъюбон, 10 нафар барҷомондагон ва 6 нафар шаҳрвандоне, ки бо ариза ҷиҳати дастгири ба раёсат муроҷиат намуда буданд, дар арафаи Иди шарифи Рамазон кумаки пулию молӣ (ба ятимони кулл ва маъюбон дар ҳаҷми 5700 сомонӣ, барҷомондагон – маҳсулоти хурока - картошка – 20 кг., пиёз – 20 кг., орд – 10 кг ва равған – 3 литр ба ҳар як нафар ба шаҳрвандони муроҷиаткарда ба маблағи 3000 сомонӣ) расониданд.