Пешгирии таъсири таассубу ҳуруфотпарастӣ ба шуури ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва ҳушёрии сиёсии ҷавонон
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21.09.2022 то санаи 21.10.2022 ҷиҳати баргузории суҳбату вохӯриҳо бо ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, таҳти №187 тасдиқ гардидааст, вохӯриҳои пайваста ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур низ ин силсила вохӯриҳо пайваста роҳандозӣ мегардад. Вохӯрии навбатӣ санаи 21.10.2022 бо иштироки муовини якуми Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор бо ҷалби 740 нафар донишҷӯёни факултетҳои агрономӣ, баҳисобгирӣ ва молия, зооинженерӣ ва тибби ветеринарии донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муҳтарам Ҳикматуллозода Абдуғаффор дар доираи мавзуи “Пешгирии таъсири таассубу ҳуруфотпарастӣ ба шуури ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва ҳушёрии сиёсии ҷавонон” мусоҳибаи пурмуҳтаво анҷом дод. Аз ҷумла ӯ қайд намуд, ки фаъолият ва пайдошавии ҳизбу созмонҳо дар ибтидои солҳои 90-ум, таҳдиду зӯроварӣ ва мардумфиребӣ ва ба даст силоҳ гирифтани ашхоси тасодуфию гурӯҳҳои алоҳида ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ ва фирор намудани 1 млн аҳолии кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боис гардид. Оташи ин ҷанги хонумонсӯз беш аз як миллион хонаву дари шаҳрвандонро ба коми хеш фурӯ бурд. Хушбахтона мо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои моддиву маънавӣ ноил гардидем, ки ҳамааш ба воситаи хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба куллӣ дигаргун сохтани симои шаҳру ноҳияҳои кишвар ба даст омад. Ҳамчунин ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани роҳҳои автомобилгард, бунёди нерӯгоҳҳои барқии хурду бузург, ҷудо гардидани 75 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории сокинон ва давлат, бунёди 3246 иншоотҳои соҳаи маориф бо зиёда аз 1 409 000 ҷои нишаст, ба 5116 адад расидани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ба 10000 адад расонидани теъдоди иншоотҳои варзишӣ, эътирофи байналмилалӣ пайдо намудани ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо 180 давлат роҳандозӣ намудани робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ барқарор намуда, ифтитоҳи қариб 50 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ибрози ақида намуда, ба ҷавонон муроҷиат намуданд, ки бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба Ватани хеш содиқ бошед. Зеро зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористию ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешавад, хуб фаҳмед, дар ғафлат намонед зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳед ва ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ филмҳои “Хиёнат” қисмҳои 1,2,3,4,5 ва “Шикасти фитна” намоиш дода шуд, ки ин имконият дод, донишҷӯён аз воқеаҳои фоҷиаворӣ ба сари мардуми тоҷик омада ва даст ба хиёнат задани он ноҷавонмардон, ки худро ғамхор нишондода, аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, то ба имрӯз аз ҳар гӯшаю канори хориҷи кишвар барои нотинҷ кардани кишвари мо ҳарф мезананд, бархӯрдор гардиданд.
Дар фарҷоми вохӯри ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур аз номи раёсати донишгоҳ ба роҳбарият ва ҳайати кормандони Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ба Ҳикматуллозода Абдуғаффор барои ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриҳо ва барои саҳми онҳо дар амалишавии Стратегияи мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки гузаронидани чунин силсила вохӯриҳо дар шароити кунунии вазъи сиёсии ҷаҳон хело заррур аст, чунки мову Шумо аз асли воқеаҳои солҳои 90-ум шоҳиди ҳол ҳастем ва медонем, ки ҳизбу созмонҳое буданд, ки дар зери ниқоби демократия ба таври ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар намудани сохти ҷамъиятӣ равона шуда буданд ва маҳз бо ақлу хирад ва ташаббусу дурандешии Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин раванди пурфоҷиа ва фалокатбор гирифта шуд ва имрӯз фазои кишварро фазои сулҳу суббот, оромӣ фарогир аст. Бо ин назардошт, аз кули ҷавонони кишвар, ки донишҷӯёни мо низ, шомили ин гурӯҳанд, хоҳиш менамоем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дорои ҳуввияти баланди миллӣ, хештаншиносӣ гашта, ба Ватани азиз, ки онро Тоҷикистон ном аст ва Пешвои муаззамамон содиқ бимонанд, ҳимоятгари марзу буми кишвар бошанд, таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, соҳибкасбу соҳибихтисос гарданд.
Манбаъ: https://www.facebook.com/photo?fbid=117958197745394&set=pcb.117960577745156