Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1677 аз 04 марти соли 2005 ва мувофиқи нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.12.2025, №26/10-465 дар таърихи 27 январи соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки масъулини донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ, аз ҷумла аз рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Мароми пойтахт», АМИТ «Ховар», «Омўзгор», «Ҷавонон», «Дониш», ҳафтавори «Тоҷикистон» маҷаллаи «Кишоварз», телевизионҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳонннамо», радиоҳои Тоҷикистон, «Фарҳанг», «Овози тоҷик», «Садои Душанбе» нишасти матбуотӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ Маҳмадёрзода Усмон Маъмур рўзноманигоронро хайрамақдам намуда, дар бораи фаъолияти таълимию илмӣ, тарбияву фарҳангӣ, иқтисодиву хоҷагидории донишгоҳ дар соли 2025 ва нақшаҳо дар соли хониши 2025-2026 мухтасар маълумот дод.

Идомаи нишасти хабарӣ ба таври саволу ҷавоб сурат гирифт. Қабл аз огози нишаст ба рўзноманигорон маълумотнома «Оид ба фаъолияти таълимиву илмӣ, тарбиявию фарҳангӣ ва ҳоҷагидории донишгоҳ дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026» пешкаш карда шуд, ки дар он оид ба ҳама самтҳои фаъолияти донишгоҳ маълумоти муфассал мавҷуд буд. Журналистон бо муҳтавои маълумоти мазкур пешакӣ шинос шуданд ва дар асоси он ба саволҳояшон оид ба шароити хобгоҳҳо ва таъмини донишҷўён бо ҷойи хоб; дар кадом поя қарор доштани таъмини кадрҳои унвони илмӣ дошта; дар асоси барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо ҷорӣ намудани ихтисосҳои нави ба талаботи давру замон ҷавобгў; дар кадом сатҳ қарор доштани тарбияи худшиносиву хештаншиносӣ ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ; ҳамкориҳои донишгоҳ бо зерсохторҳои Вазорати кишоварзӣ ва АМИТ ва АИКТ; саҳми олимону омўзгорони донишгоҳ дар ба даст овардани шаҳодатномањои муаллифӣ ва патенҳо; дар кадом сатҳ қарор доштани омўзиши забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳ; тақвияти пойгоҳи моддӣ-техникии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, дар ин замина татбиқи лоиҳаҳои грантӣ дар донишгоҳ ва хоҷагиҳои таълимию таҷрибавии он; фаъолияти филиалҳои кафедраҳои донишгоҳ дар хоҷагиҳо ва корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ; имтиёзҳои донишҷўёни аълохон ва идрорҳои номӣ; афзалияти имтиҳонҳои тестӣ ва ба роҳ мондани тарзи анъанавии имтиҳонсупорӣ; таҳсили донишҷўдухтарон дар донишгоҳ; саҳми омўзгорону донишҷўёни донишгоҳ дар баргузории ҷашнҳои суннатии миллӣ ва идҳои кишоварзӣ ва чорабинињои сатҳҳои гуногуни фарҳангию тарбиявии ҷумҳуриявӣ ва дигар саволҳояшон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Нишасти матбуотӣ ошкоро ва бо рўнамо (презентатсия), ки дар он аз ҷадвалу диаграмма, суратҳо ва дигар маводи намоишӣ самаранок истифода гардид, бисёр ҷолибу хотирмон гузашт.

photo 2026 01 28 09 20 14

photo 2026 01 28 09 20 08

photo 2026 01 28 09 20 11

photo 2026 01 28 09 20 12

photo 2026 01 28 09 20 18