Нишасти матбуотӣ
Санаи 2 феврали соли равон дар донишгоҳмутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1729 аз 15 сентябри соли 2011 ва мувофиқи нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2022 бо иштироки масъулини донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ аз рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Тоҷикистон», «Мароми пойтахт», «Дониш», маҷаллаҳои «Илм ва ҳаёт», «Кишоварз», телевизионҳои «Ҷаҳонннамо» ва «Душанбе», радиоҳои Тоҷикистон ва «Садои Душанбе» нишасти матбуотӣ доир гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур рӯзноманигоронро хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки донишгоҳ бо васоити ахбори умум робитаи мустаҳками дуҷонибаи ҳамкорӣ дорад. Доир ба фаъолияти қисматҳои гуногуни донишгоҳ дар соли 2021 дар симо 354 барнома ва дар садо 16 барнома пахш гардид, ки як қисми онҳо корҳои илмӣ – таҳқиқотии олимони донишгоҳро дар бар мегирифт. Дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Тоҷикистон”, “Самак”, “Мароми пойтахт” ва ғайраҳо роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ мақолаҳо интишор шуданд. Инчунин аз ҷониби олимон оид ба натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ 21 мақола дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ чоп гардиданд. Кормандони расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва манфиатҳои умумимилливу умумумибашарӣ ба инъикоси ҳақиқии воқеаю рӯйдод машғул гардида дар ҳаллу фасли масоили доғи ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Дар чорабинии имрӯза муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони бахшҳои зертобеи донишгоҳ ва дигар мутасаддиён иштирок доранд ва омодаанд ба саволҳо ҷавоб гардонанд.
Сипас, ректори донишгоҳ дар бораи фаъолияти таълимию илмӣ, тарбияву фарҳангӣ, иқтисодиву хоҷагидории донишгоҳ дар соли 2021 ва нақшаҳо дар соли хониши 2022-2023 мухтасар маълумот дод.
Идомаи нишаст ба тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт. Рӯзноманигорон ба саволҳояшон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Нишасти матбуотӣ ошкоро ва бо рӯнамо (презентатсия), ки дар он аз ҷадвалу диаграмма, суратҳо ва дигар маводи намоишӣ самаранок истифода гардид, бисёр ҷолибу хотирмон гузашт.