Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Наврӯз мужда аз баҳор ва файзу баракати рӯзгор аст

17 марти соли ҷорӣ Донишгоҳи аграрии Толҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, ки ягона  муассисаи таҳсилоти олии касбии кишоварзии ҷумҳурист ва таҷлили ҳама ҷашнҳои кишоварзӣ аз ин ҷо ибтидо мегирад, қабои идона ба бар карда буд, шиору навиштаҳо, садои созу наво, даста-даста бо либосҳои идона ба базмгоҳ воридшавии ҷавонону гулдухтарон, ба атрофу акноф паҳншавии бӯйи муаттари ниҳолони пургули навшукуфта аз таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ мужда медод. Дар ин рӯз дар гӯшаҳои муайяншуда  анъанаҳои халқии пухтани таомҳои миллии наврӯзӣ, базми шеъру суруд доир гарди. Факултетҳо ва дигар сохторҳо  намоишгоҳи дастовардҳои илмию таълимӣ ва дастархони идонаи хешро омода карда буданд.  Соати 10.00 садои карнаю сурнай дар фазои донишгоҳ танинандоз гардид. Меҳмонони олиқадр  ба базмгоҳ қадам ранҷа фармуданд. Ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ҳозиринро хайрамақдам намуд. Пас аз тамошои намоишҳои идона, сарвари донишгоҳ ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд: Миллати сарбаланди тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Аз ҷумла суннату ойинҳои неки ҷашни миллии мо Наврӯз дар масири таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмати босазо кардааст. Маҳз ғояҳои башардӯстонаи Наврӯзи дилафрӯз боис гардид, ки он ҷашни ҷаҳонӣ шавад.

Иди Наврӯз таърихи куҳан дорад. Мувофиқи шаҳодати сарчашмаҳо ҷашни мазкур таърихи ҳафтҳазорсоларо фарогир аст. Муҳаққиқон таърихи пайдоиши онро ба ҳазораи панҷуми пеш аз милод нисбат медиҳанд. Аксарияти асотиру сарчашмаҳои бостонӣ Ҷамшедро асосгузори ҷашни Наврӯз меҳисобанд.

Як суннати хеле густаришёфта миёни мардуми фарҳангсолори мо  дар ин фасли сол маъракаи ниҳолу гулшинонист, ки хурду бузург бо як самимияту муҳаббати хосса ба ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ин диёри биҳиштосо ҳарсола, дар тозаву озода ва  кабудизоркунии кӯчаву маҳалла ва хиёбонҳои шаҳру деҳот саҳм мегузоранд.  Аҳли донишгоҳи азизи мо, ки ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии кишоварзии кишвар мебошаду мутахассисонаш офарандагони неъматҳои моддианд таҳти роҳбарии олимони соҳа дар сабзу хуррамгардонии Душанбешаҳр саҳми муносиб мегузоранд.

Наврӯз қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро он айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори Бобои Деҳ қон аст. Мардум дастархонро ороста, болои он “Ҳафт син” ва  “Ҳафт шин” мегузоранд. Сабзаи ҷав ва ё гандум, ки зиннатбахши суфраи наварӯзӣ ва масолеҳи асосии суманак аст, дар асл рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт мебошад.

Аз Наврӯзи гузашта то ба имрӯз донишгоҳ як зумра комёбиҳоро ноил гашту дар донишгоҳ корҳои созандагию бунёдкориҳои зиёде сурат гирифтанд!

Наврӯзи дилафрӯзро хуш омадӣ!-мегӯем ва умед бар он мебандем, ки қадамҳои муборакаш ба табиат гулгулшукуфӣ, ба деҳқон ҳосили пурбаракат ва ба мардум шодию сурур меорад. Бошад, ки баҳори имсола ба мардуми кишвар саодату пешравӣ ва хушиҳои рӯзгорро насибу рӯзи гардонад. Бигзор аз фурӯғи Наврӯзи оламафрӯз қалбҳою кошонаҳои ҳар яки шумо пурнуру саршор аз шодию сурур гардад ва аз номи шоир гуфтаниам:

Эй Худованди заминуосмон,

То ба Наврӯзи дигар моро расон!

Зеваршои Зеваршо- муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо ҷашн табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки Наврӯз воқеан ҳам ҳаётию табиӣ буда, айёме таҷлил мегардад, ки оламу одам дигаргун мегардад, мешукуфад, зиндатар мегардад. Агар баҳор арӯси сол бошад, пас Наврӯз эҳёи зиндагӣ, эҳёи замон ва кайҳон, қабл аз ҳама ҷашни кишоварзону айёми фарорасии кишту кори Бобои Деҳқон аст.  Қудуми хуҷастапайи Наврӯзи байналмилалӣ ва баҳори оламафрӯзро, ки пайвандгари дӯстиву бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштист ба Шумо хайрамақдам гуфта, умед бар он мебандем, ки қадамҳои муборакаш ба табиат гулгулшукуфӣ, ба деҳқон ҳосили пурбаракат ва ба мардум шодию сурур меорад.

Шоира Шаҳрияи Аҳтамзод-пораи шеърро дар ситоиши Наврӯзи фарвардин қироат намуд.

Дастаи ҳунурии “Гулдаста” барномаи ҷолиби консертиро манзури иштирокдорони ҷашн намуд.

nafasi tozai navr z muborak boshad

nafasi tozai navr z muborak boshad 1

nafasi tozai navr z muborak boshad 2

nafasi tozai navr z muborak boshad 3

nafasi tozai navr z muborak boshad 4

nafasi tozai navr z muborak boshad 5

nafasi tozai navr z muborak boshad 6

nafasi tozai navr z muborak boshad 7

nafasi tozai navr z muborak boshad 8

nafasi tozai navr z muborak boshad 9

nafasi tozai navr z muborak boshad 10

nafasi tozai navr z muborak boshad 11