Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

иштирок дар Форуми рушди ҳамкориҳо, мубодилаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чунчони Ҷумҳурии Корея

Имрӯзҳо дар шаҳри Чунчони Ҷумҳурии Корея  ба муносибати 30-юмин солгарди равобити дипломатии Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми рушди ҳамкориҳо, мубодилаҳои иқтисодии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Форуми мазкур бо ташаббуси Рӯзномаи Кангвондо Домин Илбо на намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея баргузор шудааст. Дар кори Форум муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Носирзода Ҷаббор, муовини раиси вилояти Хатлон- Сулаймонзода Акрам Раҳим, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур-Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, муовини директори АМИД “Ховар”-Сайфуллоев Қаноатулло Исматуллоевич, муовини раиси Палатаи савдо ва саноат-Раҷабов Ҳайдар Усмонович ва эксперти калони раёсати экспертиза ва сертификатсияи Палатаи садо ва саноат-Мусоев Фазлиддин Маҳмадрасулович иштирок доран.

8-уми ноябри соли ҷорӣ дар раванди Форуми мазкур миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи миллии Кангвони Ҷумҳурии Корея созишномаи ҳамкории тарафайн ба имзо расид.  Дар доираи Ёддошти  ҳамкории басташуда тарафаҳо дар самтҳои мубодилаи донишҷӯён ва кормандони илмӣ, барномаҳои кутоҳмуддати таълимӣ, фаъолияти муштараки тадқиқотӣ, аз ҷумла семинарҳо, конфронсҳо ва лексияҳои оммавӣ, мубодилаи нашрияҳо, маводи таълимӣ ва дигар иттилоот  ҳамкори мекунанд.

photo 2022 11 08 13 50 50

photo 2022 11 08 13 50 53

photo 2022 11 08 13 50 52

photo 2022 11 08 13 50 49

photo 2022 11 08 13 50 48

photo 2022 11 08 13 50 47 2

photo 2022 11 08 13 50 47

photo 2022 11 08 13 50 46