Ба шаҳри гулрез табдил додани пойтахти кишвар
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба шаҳри гулрез табдил додани пойтахти кишвар, санаи 4-уми феврали соли 2022 зиёда аз 150 нафар омӯзгору донишҷӯён дар теппаи воқеъ дар маҳаллаи Сариосиёби (рӯ ба рӯи бостонсарои ҳукуматӣ) ноҳияи И. Сомонӣ зиёда аз 500 бех дарахти ороишии санавбари элдарӣ шинониданд.