Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Аҳамияти кишти тирамоҳӣ дар баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғалладона

17 ноябр дар пойгоҳи КВТТ “Ҳисор”-и Донишгоҳи аграри Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар  шаҳри Ҳисор семинари ҷумҳуриявии  илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Аҳамияти кишти тирамоҳӣ дар баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғалладона”  бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз тарафи  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси шаҳри Ҳисор Ҷумъазода Шариф, ректори донишгоҳ  профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муовинони раисони ноҳияҳо, сардорони раёсатҳои кишоварзӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонии  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 70 нафар, профессорону омӯзгорони донишгоҳ  иштирок намуданд. Чорабинии мазкурро ректори донишгоҳ  профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ҳусни ифтитоҳ бахшида, сипас вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва раиси шаҳри Ҳисор Ҷумъазода Шариф  оид ба вазъи кунунии шудгори тирамоҳӣ ва кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ  дар ҷумҳурӣ ва  хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор  маърӯза намуданд.

Дар семинари мазкур   доктори илмҳои кишоварзӣ, академики АИКТ, профессори кафедраи растанипарварӣ  Набиев Толиб Набиевич оид ба “Технологияи интенсивии парвариши зироатҳои ғалладонагии тирамоҳӣ ва нақши онҳо дар таъмини амнияти ғизоии мамлакат”  ва номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими пешбари Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарипов Раҷабалӣ “Нақши навъҳои нави ватанӣ дар системаи самаранок истифодабарии заминҳои обёришаванда” маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмию истеҳсолӣ намуданд. Пас аз маърӯзаҳо  аз тарафи  иштирокдорони семинар саволу ҷавоб  ва муҳокимаи  вазъи кунунии шудгору кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ, мушкилотҳо ва роҳҳои ҳалли он мавриди  муҳокимаи масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Ҳисор ва олимону мутахассисони соҳа қарор гирифта дар охир аз тарафи иштирокдорони семинар резолютсия қабул карда шуд.

Дар рафти семинар иштирокчиён бо навъҳои тухмиҳои аз тарфи олимон таҳқиқ офарида ва ноҳиябандӣ кардашударо шиносоӣ пайдо намуданд.

seminar 1

seminar 2

seminar 3

seminar 4

seminar 5

seminar 6

seminar 7

seminar 8

seminar 9

seminar 10

seminar 11