Факултети Гидромелиоративӣ

Нурзода Назар Нур
декани факултети гидромелиоративӣ, доктор аз рӯйи ихтисос (PhD), дотсент
Факултети гидромелиоративӣ соли 1951 таъсис ёфтааст. Сарварии факултетро Нурзода Назар Нур ба ӯҳда дорад. Дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахасис тайёр карда мешавад:
- 1-70040101-Сохтмони гидротехникӣ;
- 1-740501-Мелиоратсия ва хоҷагии об;
- 1-74050105-Истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ;
- 1-740501 2602-Беҳдошти замин ва менеҷменти хоҷагии об;
- 1-74050102-Обёрӣ ва таъмини оби хоҷагии деҳот.
Мутахассисони ин ихтисосҳо метавонанд дар объектҳои азими сохтмонии гидротехникӣ, системаҳои гидромелиоративӣ, корхонаҳои сохтмону хоҷагии оби ноҳияҳо ва вилоятҳо, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намоянд.
Дар сохтори факултет 3 кафедраи тахассусӣ, 3 озмоишгоҳи соҳавӣ ва 1 кластери инноватсионӣ амал карда истодаанд.
Дар кафедраҳои «Мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин», «Истифодабарии системаҳои гидромелиоративӣ», «Сохтмони иншооти гидротехникӣ» 27 нафар кормандон, аз он ҷумла, 1 нафар профессор, 8 нафар номзадони илм ва дотсентон кору фаьолият карда истодаанд. Инчунин, факултет дорои бинои таълимии алоҳида, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳои замонавӣ, толори иноватсионӣ, 2 маркази компютерӣ бо шабакаи интернети бовусъати алоҳида, таҷҳизот, асбобу анҷоми замонавӣ ва махзани махсуси китобҳои техникӣ мебошад.
Омӯзгорони факултет баланд бардоштани сифати таълимро вазифаи аввалин дараҷаи худ дониста, барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисосӣ ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ пайваста кӯшиш бахарҷ медиҳанд.
Ихтисосҳои Факултети Гидромелиоративӣ