Факултети Агробизнес
Неъматуллоев Зоҳиршо Сайдакрамович,
декани факултети агробизнес, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент
Факултети агробизнес бо тақозои талаботи иқтисоди бозоргонӣ, соли 1997 таъсис ёфта, ҳамчун факултети пешбари таҳсилотиву илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Рисолати асосии факултет аз ташаккул додани сармояи миллии инсонӣ – омодасозии мутахассисони баландихтисос, рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу байналмилалӣ, инчунин мусоидат намудан дар расидан ба ҳадафҳои стратегии иқтисодиёти миллӣ иборат мебошад. Факултет кафедраҳои технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маркетинг ва агробизнес, сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, логистика, таърих ва ҳуқуқ, забони русӣ ва забони англисиро фаро мегирад.
Факултетро докторони илм, профессорон Гулов С.М. (1997-2002, 2012-2015), Қодиров Қ.Ғ. (2002-2010), Норов М.С. (2010-2012) ва дотсент Шарипов Х.Б. (2015-2022) сарварӣ намудаанд. Аз соли 2022 инҷониб дотсент Неъматуллоев З.С. роҳбарии факултетро бар ӯҳда дорад. Айни ҳол дар факултет олимони шинохтаи тоҷик, узви вобастаи АИҶТ Алиев Қ., докторони илм, профессорон Салимзода А.Ф., Бобохонов Р.С., Бобохонов М., дотсентон Шукуров К.И., Холов Ф.Ш., Ғуломов Х., Ҳайдарова Б.А., Неъматуллоев З.С. ва дигарон ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Дар факултет таълим аз рӯи таҳсилоти бисёрзинагӣ ба роҳ монда шудааст. Давомнокии таҳсил дар зинаи бакалавриат 4 сол ва дар зинаи магистратура 2 солро дар бар мегирад. Фаъолияти таълимии факултет дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъдидипломӣ дар 4 кафедраи тахассусӣ роҳандозӣ гардида, инчунин 3 кафедари умумидонишгоҳиро муттаҳид мекунанд. Муваффақияти факултет ҳосили фаъолияти босамари ҳайати профессорону омӯзгорони тахассусманди он мебошад, ки шоистаи ифтихори донишгоҳанд. Ҳайати илмӣ-омӯзгории факултетроро 53 омӯзгор, аз ҷумла 40 омӯзгори штатӣ ташкил медиҳанд, ки миёни онҳо: 4 профессор; 7 номзади илм мебошанд.
Имрӯзҳо аз руйи талаботи замони муосир дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои зерин барои истеҳсолот мутахассисон омода карда мешавад:
- 1-26020309 - маркетинг дар КАС;
- 1-490101 – таъмини техникии равандҳои нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизои растанӣ;
- 1-490101-2501 - технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ-иқтисодиёт;
- 1-740131 - ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ;
- 1-19030205 – технологияи таъминисифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ;
- 1-54010106 - метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (дар КАС);
- 1-26020324 – логистика дар КАС.
Дар факултет 598 донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз ин шумора 537 нафар ё 89,8 фоизашон дар шуъбаи рӯзона ва 61 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ (10,2%) таҳсил менамоянд (ба ҳолати 01.02.2023). Аз шумораи умумии донишҷӯён 32 нафар ё 5,5 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Факултети агробизнес дорои озмоишгоҳои илмт-таълимӣ зерин мебошад:
1.Озмоишгоҳи сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ. Дар озмоишгоҳ ҳамаи дастгоҳу асбобҳои лозима барои муайян намудани сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, омузиши микрофлораи маҳсулоти ғизоӣ мавҷуд аст. Озмоишгоҳ барои корҳои илми-тадқиқотии магистрон ва донишҷуёни ихтисосҳои факултет пешбинӣ шудааст.
2.Озмоишгоҳи консервакунонии меваю сабзавот. Озмоишгоҳи консервакунонии меваю сабзавот таълимӣ буда, дар он асосан дарсҳои амалӣ вобаста ба мавзуъҳои коркарди меваю сабзавот гузаронида шмешавад. Дар озмоишгоҳ шароити лозима барои омода кардани маҳсулоти консервагӣ аз меваю сабзавот мавҷуд аст. Ҳамасола бо иштироки донишҷӯён ва магистрон дар дарсҳои амалӣ дар озмоишгоҳи консервакунонии меваю сабзавот омодасозии зиёда аз 120 зарфҳои маҳсулоти консервагӣ ба роҳ монда мешавад.
Факултет бо корхонаҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Кумитаи бехатарии зоуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии метрология, стандартизатсия, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохорҳои он, ҶДММ “Ситабр - агро”-и ш.Ҳисор, Идораҳои матлуботи ноҳияҳои мамлакат, ҶДММ «Оро - Исфара», ҶДММ «Экофрут-Исфара», ҶДММ “Мармарӣ”, ҶДММ “Барс-кансалтинг”, ҶСП “Корпаратсияи Баракат”, КТ Ҳайдар Мирови ш.Ҳисор, ҶДММ “АРТ” ш.Душанбе ва дигар корхонаву идораҳои мамлакат созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки донишҷӯён дар онҳо таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ гузашта, баъдан ба кор таъмин карда мешаванд. Густариши ҳамкориҳо бо истеҳсолот дар баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии донишҷӯён саҳми арзанда мегузорад.
Факултет филиалҳои кафедраҳои тахассусиро дар пойгоҳи корхонаву муассисаҳо васеъ менамояд. Азҷумла, пойгоҳи кафедраҳои сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизои ва кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҶДММ “Ситабр-агро” кафедраҳои маркетинг ва логистика дар пойгоҳи Институти иқтисодиёт ва таҳлили системавии АИКТ созмон дода шудааст, ки фаъолияти самаранок дорад.
Факултет муассисаи пешбари илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар факултет дар доираи мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотии фармоишӣ дар мавзӯи «Омӯзиши ташкили технологияи нигоҳдорӣ, маркетинг ва логистикаи меваҷот дар шароити Тоҷикистони Марказӣ» ва мавзуи сарборӣ: «Такмилдиҳии усулҳои нигоҳдорӣ ва фурӯши меваи себ дар шароити водии Ҳисор» (барои солҳои 2021-2025) фаъолона корҳои илмӣ таҳқиқотӣ бурда мешавад. Ҳамасола аз натиҷаи корҳои илмии устодони кафедраҳои таҳассусии факултети агробизнес аз рӯйи мавзуи илмӣ барои иштирок дар конференсияҳои дохилидонишгоҳӣ ва берун аз он мақолаҳои илмӣ ва баромадҳо омода менамоянд.
Дар тӯли соли охир факултет иштирокчии бевоситаи 2 лоиҳаи байналмилалӣ зерин буд:
1.Лоиҳаи ТЕМПУС №544529-TEMPUS-1-2013-1-LV-TEMPUS-JPCR “Таҷдид-созии маълумоти оли дар соҳаи сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон” (2013-2016) бо кушодашавии барномаи магистрӣ аз рӯйи ихтисоси 19030205- технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ва таъсис дода шудани озмоишгоҳи илмӣ таълимии сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, харидории китобҳои дарсии тахассусӣ вабаста ба ихтисоси нав;
2. Лоиҳаи Ерасмус+ «Маълумоти олӣ дар Осиёи Миёна: Системаи стандартҳои истеҳсол ва бехатарии маҳсулоти озӯқаворӣ» (2016-2019) бо ҷори гардидани фанҳои таълимии нав дар соҳаи бехатарии ғизо стандартҳои маҳсулоти ғизоӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони иштирокчии лоиҳа ва харидории адабиётҳои тахассусӣ.
Дар доираи лоиҳаҳои амалишуда ҳамкориҳо бо омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Латвия; Донишгоҳи кишоварзии Словакия, Донишгоҳи илмҳои тандурустии Литва; Донишкадаи политехникии Хуҷанди донишгохи техникии Тоҷикистон; Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон; Донишгоҳи иқтисодии Қирғизистон ба роҳ монда шуданд.
Дар баробари ин, омӯзгорони факултет дар амалишавии лоиҳаҳои “Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузори шуд бо лоиҳаи “Мукаммалгардонии барномаҳои таълимӣ дар соҳаи аграрӣ вобаста ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот” дар дарвоми солҳои 2019-2022 иштирок намуданд.
Айни замон омузгорони факултет ба ҳайси мушовирони миллӣ дар самти забономӯзӣ ва рушди модули сектори кишоварзӣ (коргари коркарди меваю сабзавот) дар амалишавии дар доираи лоиҳаи “Беҳтарсози малакаҳои касб ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”, ки бо маблағгузории Бонки рушди Осиё дар Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.
Факултет дорои бинои таълимии алоҳидаи иборат аз 5 ошёна ва таҳхона мебошад. Масоҳати умумии бинои факултет зиёда аз 1000 метри мураббаъро ташкил дода, зиёда аз 500 ҷойи нишаст дорад. Дар он 14 синфхонаи таълимӣ, 1 маҷлисгоҳ, 2 озмоишгоҳи таълимӣ-илмӣ, 7 кафедра ва деканат ҷой дода шудааст. Инчунин дар ихтиёри факултет як синфхона аз таҳхонаи бинои асосӣ қарор дорад.