Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯрии таблиғотии кумитаи иҷроияи ҲХДТ
Тибқи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯрии таблиғотии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.01.2021 ва таблиғу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва пешгирии бемории сироятии COVID-19 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур вохурии омӯзгорону донишҷӯён бо гуруҳи таблиғотӣ бо роҳбарии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И. баргузор гардид.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода И. ҷиҳати тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аҳли толорро бо мазмуни мундариҷаи Паём шинос намуд.
Сипас вакили Маҷлиси намояндагони ноҳияи И.Сомонӣ Суярова С. муовини ректор оид ба таълими ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур Бобозода Ш.Қ. баромад намуданд. Дар охир раиси КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе Мирзозода Иброҳим. минатдории хешро ба раёсати донишгоҳ нисбати чунин вохурии баргузаронидашуда баён намуд.