Саломатӣ гавҳари бебаҳост!
Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар доираи талаботи Нақша-чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти короновируси COVID – 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои пешгирикунандаро ба роҳ мондааст.
Дар таърихи 4 ноябри соли равон бо иқдоми Раёсати донишгоҳ миёни аҳолии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи саломатии шаҳрвандон аз сироятёбии пандемияи коронавирус COVID – 19 аксия гузаронида шуд. Устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун волонтёр дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳр ба шаҳрвандон оид ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти короновируси COVID – 19 ниқоби ҳимоявӣ тақсим карданд, инчунин аз антисептик барои безарар гардонидани дастон ба шаҳрвандон хизмат расониданд.
Дар аксияи мазкур Шарифзода Наргис- муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва кормандони ШВКД ноҳия иштирок доштанд.