Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии футбол

Санаи 21.02.2024 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади ҳамовозӣ ва ҷонибдории ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт оид ба пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” тариқи қабули Қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷалби наздик ба 10000 нафар дар назди “Шаршара” - и Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе ҳамоиш ва роҳпаймоӣ аз назди шаршараи Наврӯзгоҳ тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то пули мошингузар баргузор карда шуд, ки дар ин ҳамоиш ва роҳпаймоӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо руҳу илҳоми болида иштирок намуда, аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ҷонибдорӣ намуданд.