Бахшида ба ҷашни “Рӯзи системаи геоиттилоотӣ” СГИ

Санаи 18.11.2021 дар пойгоҳи кафедраи геодезия ва геоинформатикаи факултети идораи замин ва геодезия конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии бахшида ба ҷашни “Рӯзи системаи геоиттилоотӣ” дар мавзӯи системаи геоиттилооти (СГИ) ҳамчун омили муҳими идоракунии маълумот дар сектори аграрии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Аҳмадов Б.Р. иштирок ва суханрони намуда конференсияро ифтитоҳ намуданд. Инчунин бо маърӯзаҳи фарогири соҳаи геоинформатика декани факултети мазкур н.и.т МирзоевМ.М., профессори кафедраи геодезия ва геоинформатика Акрамов А.А., омӯзгори калони кафедра Оев О.Т.,омӯзгори калон Тураев А.А, асисстент Мирзоева Б.М., асисстенти кафедра Қодиров Б.А. баромад намуда, ба ҳозирин аз дастовардҳои замонавии системаи геоиттилоотӣ маълумотҳои назариявию амалӣ пешниҳод намуданд. Дар анҷом барои хизматҳои шоён дар рушди соҳа ва ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии таъсисёбии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, Рӯзи системаи геоиттилооти ба омӯзгори калон Қодирова З.А., Тураев А.А.,Қодиров Б.А., Абдуллоев С.И. ифтихорнома аз ҷониби раёсати донишгоҳ тақдим гардид.

bakhshida ba ashni r zi sistemai geoittiloot sgi 1

bakhshida ba ashni r zi sistemai geoittiloot sgi 2

bakhshida ba ashni r zi sistemai geoittiloot sgi 3

bakhshida ba ashni r zi sistemai geoittiloot sgi 4

bakhshida ba ashni r zi sistemai geoittiloot sgi 5