АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Дар ҳамин мавзуъ санаи 22 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсат, қисми тарбия ва кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида ба 31 солагии таъсисёбии Ќувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур афсари калони шуъбаи таълимоти ҳарбии Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Рамазонов Умед Салимович, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, садорати факултетҳо, мудир ва устодони кафедраи ҳарбӣ, сардорони зерсохторҳои донишгоҳ, ҳайати профессорону дотсентон, кормандон, магистрон, докторон аз рӯи ихтисос (PhD) ва ҳамаи донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ширкат варзиданд.

Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи АИКТ, Маҳмадёрзода Усмон Маъмур сухани ифтитоҳӣ намуда, аз ҷумла кайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳи душманони миллатро, ки дар фикри нобудии тоҷикон буданд, ба хубӣ эҳсос намуда, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ чандин иқдоми дурандешона пеш гирифтанд, ки аз ҷумлаи он таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо роҳбарӣ ва ибтикороти Сарвари давлат ҳанӯз 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он заминаи асосие барои ташкили Артиши миллӣ дар ҷумҳурӣ гардид. Ҳамин буд, ки муддати зиёде нагузашта, бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ихтиёриёни «Фронти халқии Тоҷикистон» баргузор карда шуд, ки минбаъд ин сана ҳамасола чун рӯзи ташкили Артиши миллӣ қайд карда мешавад.

Бояд гуфт, ки ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар он лаҳза, амалан кори ниҳоят душвор буд. Зеро кишвар дар ҳолати буҳрони сиёсию иқтисодӣ қарор дошта, буҷаи мамлакат касод шуда буд ва барои ташкили неруҳҳои мусаллаҳ ҳатто сару либос намерасид. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ артиши боқимондаи он ҳам аз хоки кишвар баромаданд ва он ҳама таҷҳизот, техникаҳои ҳарбие, ки мавҷуд буданд, бо ҳар роҳу восита аз ҷумҳурӣ берун бароварда шуданд. Пешвои миллат хуб дарк карданд, ки бидуни таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ баромадан аз ин роҳи ноҳамвори мавҷуда душвор аст. Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи ин норасоиҳо ва мушкилот нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавӣ, иродаи устувор, донишу малакаи роҳбарӣ ва аз ҳама муҳим, боварӣ ба фардои дурахшони кишвар ба ташкили неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ пардохта, бо иқдомҳои шоиставу наҷибонаи хеш, марҳила ба марҳила Артиши миллиро бо силоҳ, лавозимоту таҷҳизоти ҳарбӣ, сару либос, хӯрока ва ҷойи зист таъмин намуда, ҷавонони содиқ ва фарзандони бо нангу ори ин меҳанро ба сафи он ҷалб намуданд. Маҳз ҷасорату мардонагӣ ва дӯст доштани Ватан буд, ки барои дастёбӣ ба сулҳу ваҳдат ҷони хешро сипар карда, қатъи назар аз ҳамаи мушкилот аз ин давраи пуртаҳлука бо сарбаландию саодатмандӣ бароянд. Ректори донишгоҳ профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур дар охири суханрониаш ҳамаи афсарону сарбозон ва дар симои онҳо тамоми ҷавононро таҳният гуфта, дар ҷодаи корҳои пурмасъулияташон барору комёбиҳоро таманно намуд.

Сипас афсари калони шуъбаи таълимоти ҳарбии Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Рамазонов Умед Салимович, сардори кафедраи ҳарбии донишгоҳ, подполковник Акбарзода Назармад Акбар ва донишҷӯи курси чоруми факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ Рузиматова Бибиоиша суханронӣ намуда, ҳамаи афсарону сарбозон ва кулли устодону донишҷӯёнро таҳният гуфтанд. Аз ҷониби онҳо таъкид карда шуд, ки Артиши миллӣ дар шароити мушкилу мураккаби таърихӣ таъсис ёфта, ҳамчун як пайки саодату умедворӣ ба осоиштагиву сулҳу субот, таъмини амнияти ҷомеа маҳсуб меёфт. Таҳти Сарфармондеҳии Пешвои миллат Артиши миллӣ тавонист ба мурдуми шарифи кишвар сулҳу субот ва оромиро таъмин намояд. Бинобар ин, дар шароити имрӯза хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмарди бовиқор ҳам қарз асту ҳам фарз. Зеро ҳифзи сарҳад ва якпорчагии кишвар муҷиби асосии осоиштагиву пойдории сулҳу субот дар кишвари азизамон мебошад. Хушбахтона солҳои охир сафи ҷавонони далеру шуҷои Ватан меафзояд ва онҳо софдилонаву содиқона ва бо ғурури баланди ватандӯстӣ хизмати Модар – Ватанро ба ҷо оварда истодаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз шароити хизмат дар ҳама сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хуб ба роҳ монда шудааст.

Муовини ректор оид ба тарбия Бобохониён Зебуниссо Қара фармоиши ректорро ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҳамаи устодони кафедраи ҳарбии донишгоҳ қироат намуд ва ба ҳамааашон дар руҳияи идона мукофотҳо тақдим карда шуд. Ҳамзамон мувофиқи фармоиши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи АИКТ, Маҳмадёрзода Усмон Маъмур бо Нишони сарисинагии “30 солагии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муовини ректор оид ба таълим номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобозода Шарифҷон Қаноатшо бо медали ҷашнии “30 солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир аз ҷониби Ансамбли «Гулдаста»-и донишгоҳ як барномаи театрикунонидашудаи ҷолибе бахшида ба 31 солагии таъсисёбии Ќувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки аз ҷониби аҳли толор хеле хуш пазируфта шуд. Мавриди ќайд аст, ки чунин барномаҳои рангини фарҳангӣ аз як тараф хотири ширкаткунандагонро шод гардонанд, аз ҷониби дигар барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва зебоипарастӣ тарбия намудани донишҷӯён мусоидат менамоянд.

428607939 418883173929019 669941946049885546 n

392785308 418884467262223 5944244445764841443 n

428613574 418883577262312 2082343525211183596 n

428610964 418884687262201 2770814883256363239 n

428615631 418884030595600 7174541346391548517 n