Амалишавии лоиҳаҳои баҳамфоидаовар

Санаи 05.03.2019  муовини аввали вазири  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султон Раҳимзода,   директори Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Искандар  Абдуллоев, намояндаи марказ  Екатерина  Стрикелева ва намояндагони ташкилоти ЮСАИД ба донишгоҳ ташриф оварданд. 

Меҳмононро ректори донишгоҳ  профессор Салимзода Амонулло Файзулло қабул намуда, зимни вохӯри  аз дастовардҳои илмию таълимӣ, иштироки донишҷӯён, магистрон, докторантон дар мактабҳои байналмилалии зимистонаю тобистона  ибрози ақида намуданд.  Дар рафти вохӯри созишномаи ҳамкорӣ баста шуд, ки дар доираи он оид ба ташкил, иштирок ва гузаронидани конференсияҳо, форумҳо, амалисозии барнома ва лоиҳаҳо, коркарда баромадани пешниҳодҳо  барои амалишавии лоиҳаҳои баҳамфоидаовар, илова ба ин аз тарафи Маркази мазкур Кластери инноватсионӣ баҳри гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар самти “Идоракунии ҳамгирои захираҳои об” дар пойгоҳи факултети гидромелиоративии донишгоҳ  барои магистрону докторантон ташкил карда мешавад.