Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Шӯрои занон

Шурои занони донишгоҳ, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбарӣ намудан ва тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон таконеро ба вуҷуд овард ва имрӯз мебинем, ки  дар ин самт занон ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд.

Шурои занон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур зиёда аз 20 сол аст, ки амал мекунаду бо иқдоми ҳамешагии ҷалби занон омӯзгорон ба касбу кор, кӯмак ба бонувони лаёқатманд, ҳалли мушкилоти духтарони донишҷӯ машғул аст.

Фаъолияти раисони Шурои занон дар марказ бештар ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии занон, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи бонувон дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ, тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисосу болаёқат ва донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии донишҷӯдухтароне, ки тавассути квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, равона шудааст.

Чанд сол пеш бо кӯмаку дастгирии раёсати донишгоҳ барои бонувон ҳуҷраи алоҳидае ҷудо карда шуд ва он "Маркази бонувон" номгузорӣ шуд. Аз ҳисоби занони ҷавони омӯзгор чанд муддат онро Ф. Носирова, Т. Фозилова, Т. Неъматҷонова, Н. Юлдошева, М. Турдиева, Н.Мирзоева, Д. Муҳаммадиева, Ҷ. Ҷамолова ва Қурбонова М.Т сарварӣ намудаанд. Тӯли ин муддат корҳои назаррас дар самти фаъолияти занону духтарон дар донишгоҳ, иштирок ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ, адабӣ ба сомон расонида шуданд.

Аз моҳи октябри соли 2022 сарварии маркази мазкурро   Ҳалимов Ҷ. А. ба ӯҳда дорад. Дар давоми  роҳбарии ӯ дар ин марказ баҳри баланд бардоштани мавқеи занону духтарон, боло бурдани маърифати сиёсиву фарҳангӣ, ҳуқуқии онҳо, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии духтарон, таъмини иштироки занон дар раванди ислоҳоти маориф, ба таҳсил ва корҳои судманд фаро гирифтани духтарони донишҷӯ, гирифтани пеши роҳи  ҳодисаҳои номатлуб дар байни духтарон, баландбардории маърифату маънавиёти онҳо, иштирок дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он натиҷаҳои назаррас ба даст омад.

Боиси зикр аст, ки Маркази бонувон ҳоҷатбарор, маслиҳатдеҳ ва мушкилкушои  занону духтарон  бояд бошад ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Дар марказ сари чанд вақт сӯҳбату вохӯриҳо бо шахсони  наҷиб, занони рӯзгордида ва чорабиниҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд, ки  барои пешрафту равнақи кору фаъолияти занони омӯзгор, донишҷӯдухтарон аз манфиат холӣ нест.

Шурои занони донишгоҳ таълими тарбияи донишҷӯдухтарон дар самтҳои таълим, илм, тарбия, касбомӯзӣ хусусан донишҷӯдухтароне ки тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳ таҳсил мекунанд хуб ба роҳ монда шудааст.