Бахши рушди касбият (карера)
Саидмурадова Гулнора Турсуновна-мудири шуъбаи бахши рушди касбият (карера)
Бахши рушди касбияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли таҳсили 2017 – 2018 дар асоси ворид сохтани тағйирот ба сохтори донишгоҳ таъсис дода шудааст. Ин тағйирот ба Оинномаи донишгоҳ ворид карда шуда, Оиннома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 августи соли 2018 таҳти рақами 376 тасдиқ гардидааст.
Фаъолияти мудири бахш аз тарафи ректори донишгоҳ муайян карда шуда, он бо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дигар зерсохторҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ алоқаманд мебошад.
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАХШ
- Вазифаҳои асосии бахши рушди касбият:
- Дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯён ва хатмкунандагон дар соҳаи рушди таълимии онҳо;
- Пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун барои банақшагирӣ ва рушди касбият;
- Мусоидат дар ба даст овардани ҳадафҳои касбии донишҷӯён ва хатмкунандагон;
- Ташаккули навгонии малакаи донишҷӯён ва хатмкунандагон бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат;
- Гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо мақсади бо ҷойи кор таъминкунии донишҷӯён ва хатмкунандагон дар бозори меҳнат.
Вазифаҳои бахши рушди касбият дар самти роҳнамоӣ ва такмили ихтисос:
- Пешниҳоди маълумот оид ба пешбинии рушди шуғлият дар бозори меҳнат;
- Усулҳои таълимии касбӣ бо роҳи рушди корӣ;
- Гузаронидани мониторинг дар бозори меҳнат оид ба талаботҳои касбӣ аз рӯи ихтисос ва тахассусҳои гуногун;
- Пешниҳод намудани маҷмӯи хизматрасониҳо оид ба гирифтани малакаҳои зарурӣ барои рушди касбият;
- Ташкили манбаи маълумот дар бораи хатмкунандагон ва корфармоён вобаста ба имкониятҳои рушди касбият;
- Ташкили хизматрасониҳои таълимӣ ба монанди семинарҳо, тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣ бо мақсади пайдо кардани мавқеи арзанда, рушди касбият ва такмили ихтисос.
Вазифаҳои бахши рушди касбият дар самти ба кор таъминкунӣ:
- Ташкил ва нигоҳ доштани алоқаи доимии ҳамкорӣ бо корфармоён дар омода намудани мутахасиссон барои бозори меҳнат;
- Ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн кардани маълумот оид ба идомаи таҳсил, кор, коромузӣ ва таҷрибаомузӣ дар асоси барномаҳои иҷтимоӣ ва лоиҳаҳои гуногун;
- Мусоидат дар мутобиқсозии хатмкунандагон ба талаботи тахассусии корфармоён;
- Пайваста ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо соҳибкорон, муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ бо мақсади ба кор таъмин намудани донишҷӯён ва ҳатмкунандагон;
- Мусоидат дар бақшагирӣ ва татбиқи хатмкунандагон дар рушди касбият.