Бахши идоракунии сифати таҳсилот
Исломов Ғафур Ҳокимович - мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот
Бахши идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо фармоиши ректори донишгоҳ (№03А аз 14.01.2017) таъсис дода шудааст. Ҳайати он аз мудири бахш ва методистон иборат буда, ҳар соли хониши нав бо фармоиши ректор комиссия аз ҷумлаи омӯзгорони таҷрибадор ва унвондорон таъсис дода мешавад.
Фаъолияти бахш дар асоси Низомнома (дар ҷаласаи Шурои олимони ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур аз 28.08.2017 тасдиқ гардидааст) ба роҳ монда шудааст. Инчунин, ҳамасола нақшаи кории бахш мураттаб ва тасдиқ мегардад, ки дар он раванди мониторинги сатҳи донишандӯзии донишҷӯён дар низоми таълим, баҳодиҳии сифати дарсгузарии омӯзгорон, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, мониторинги баҳои сифати дарси омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ, татбиқи рейтинги ҳайати профессору омӯзгорони донишгоҳ ба нақша гирифта шуда, тибқи тартиб амалӣ карда мешавад.
Дар асоси нақшаи корӣ бахши идоракунии сифати таҳсилот ҳар се моҳ ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.