Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Тартиби воридшудан ба ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур

маълумоти додашуда барои довталабон аз  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва расман даъватшудагон барои таҳсил ба ДАТ ба номи Ш. Шотемур муқаррар шудааст

Суроға: ш. Душанбе, х. Рудаки 153

Хобгоҳи донишҷӯён № 1

Телефон: +992 37 224 56 81

Баъди омадан Шумо бояд бо мутахассисони шуъбаи идоракунии фаъолияти  байналхалқӣ дар рӯзи корӣ бо телефони +992 37 224 56 81 дар алоқа бошед:

БАҚАЙДГИРӢ

Баъди ҷойгиршавӣ дар хобгоҳ, ба Шумо лозим аст ҳарчи зудтар ба шуъбаи идоракунии фаъолияти байналмилалӣ, ки дар бинои асосӣ (2 ошёна, ҳуҷраи 205) ҷойгир аст, барои бақайдгирӣ дар ШХБ ҶТ муроҷиат намоед. Маълумоти бештар дар бораи ҷойгиршавии биноҳои таълимӣ метавон аз навбатдорони хобгоҳ гирифт.

Бо худ ҳуҷҷатҳои зеринро  бояд дошт:

  1. Шиноснома+нусхаи ҳамаи саҳифаҳои шиноснома
  2. Корти муҳоҷират+нусхаи корти муҳоҷират
  3. Расм 2 дона андозаи 3Х4

ПАРДОХТИ ИЛОВАГӢ:

  1. Истиқомат дар меҳмонхона   ______сом./рӯз.
  2. Истиқомат дар хобгоҳ _____ сом./сол.
  3. Пардохти ташкилотӣ ______ (якмаротиба)
  4. Муоинаи тиббӣ______сом.

Агар ягон савол пеш омад, Шумо метавонед ба кормандони  шуъбаи идоракунии фаъолияти байналмилалӣ муроҷиат намоед.

 Омӯзиши асосиро интихоб кардан

Шаҳрванди хориҷ метавонад тариқи  буҷавӣ  (бурсияи  ҷудокардашуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва  шартномавӣ таҳсил намоянд.

Ҳуҷҷатҳои лозима барои дохилшавӣ

Бакалавриат Магистратура Аспирантура
 Шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна(пурра) (ҳуҷҷати аслӣ ва тарҷума бо  тасдиқи нотариалӣ, аз ҷумла замима бо баҳо)    Дипломи бакалавр(ҳуҷҷати аслӣ ва тарҷума бо  тасдиқи нотариалӣ, аз ҷумла замима бо баҳо)  Дипломи магистрӣ ( ҳуҷҷати аслӣ ва тарҷума бо  тасдиқи нотариалӣ, аз ҷумла замима бо баҳо) 
 Шиноснома (нусха ва тарҷума бо тасдиқи нотариалӣ)  Шиноснома (нусха ва тарҷума бо тасдиқи нотариалӣ)  Шиноснома (нусха ва тарҷума бо тасдиқи нотариалӣ)
 Шаҳодатномаи қонунии (легализатсия) ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсил ( дар ҳолати зарурӣ)  Шаҳодатномаи қонунии (легализатсия) ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсил ( дар ҳолати зарурӣ)  Шаҳодатномаи қонунии (легализатсия) ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсил ( дар ҳолати зарурӣ)
 Суғуртаи тиббӣ, ки тамоми давраи будани шаҳрванди хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад   Суғуртаи тиббӣ, ки тамоми давраи будани шаҳрванди хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад   Суғуртаи тиббӣ, ки тамоми давраи будани шаҳрванди хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад 
 Маълумотнома дар бораи гузаштани муоинаи тиббӣ(086у) ҳангоми дохилшавӣ   Маълумотнома дар бораи гузаштани муоинаи тиббӣ(086у) ҳангоми дохилшавӣ   Маълумотнома дар бораи гузаштани муоинаи тиббӣ(086у) ҳангоми дохилшавӣ 
 6 дона расми  андозааш 3Х4  6 дона расми  андозааш 3Х4  6 дона расми  андозааш 3Х4

Қонунӣ кунонидан ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таълимӣ 

Легализатсия (Қонунӣ) 

Легализатсия  — ин тартиб барои истифодаи қонунии ҳуҷҷати таълимӣ. 

Апостилӣ– ин тартиби соддаи легализатсия мебошад. Агар давлати Шумо дар рӯйхати давлатҳо-иштирокчиёни созишномаи Гаага соли 1961 дохил шавад, он гоҳ мӯҳри “Апостил” дар ҳуҷҷати аслӣ ё ин ки дар варақи алоҳида бо ҳуҷҷат пайваст кардашуда гузошта мешавад,  ва мумкин аст, ки дар забони расмии мақомоти иҷозатдиҳӣ навишта шавад.

 Легализатсия консулӣ

Легализатсияи консулӣ дар 2 давра гузаронида мешавад:

  •  Тасдиқи ҳуҷҷат (чун қоида аслӣ, дар баъзе давлатҳо – нусха) аз тарафи ВКХ – и давлати ҳуҷҷатро дода:  мӯҳри мувофиқ ва тамға бо нишондоди вазифа ва имзои шахси тасдиқкунанда гузошта мешаванд;
  • Тасдиқ аз тарафи идораи консулӣ ( аз идораи консулӣ ё намояндагии кишвар) дар давлати ҳуҷҷатҳо додашуда: мӯҳри мувофиқ ва тамға бо нишондоди вазифа ва имзои шахси тасдиқкунанда гузошта мешаванд;

 Чӣ гуна ҳуҷҷатҳои таълимиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард?

Ба ғайр аз легализатсия, ба довталабони бисёр давлатҳо зарур аст, ки барои супоридани ҳуҷҷатҳо зимни қабул ба донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуҷҷатҳои таҳсилии худро  барои  баробарарзишӣ  супоранд. 

Дар куҷо тартиби қабулро бояд гузашт?
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:  

  • Ариза
  • Ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад ва нусхаи он
  • Ҳуҷҷати таҳсилӣ: аслӣ, инчунин нусха ва тарҷумаи тасдиқкардашуда
  • Боҷи давлат 

Маълумот оиди легализатсия ва қабули ҳуҷҷатҳои таълимиро аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати худ аниқ намоед. 

Гирифтани даъватнома 

Барои бақайдгирии даъватнома ба шаҳрванди хориҷӣ лозим аст ҳуҷҷатҳои навбатиро дар почтаи visa@gov.tj  равон кунад: 

  • скан-нусхаи саҳифаҳои шиноснома бо маълумотҳои шахсӣ;
  • пур кардани саволнома.  

Барои бақайдгирии даъватнома барои шаҳрванди хориҷӣ лозим аст: 

  1. Саволномаро гирифта барои бақайдгирии даъватнома барои даромадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Ба суроғаи додашуда ҳуҷҷатҳои навбатиро на камтар аз 50 рӯз то рӯзи даромад бояд фирист:
  • Саволномаи пуркардашуда
  • Скан саҳифаҳои шиноснома бо маълумотҳои шахсӣ