Созишномаҳои ҳамкорӣ
Донишгоҳи аграри Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо бо 135 (як саду сию панҷ) ташкилоту муассисаҳои олии хориҷи кишвар шартнома оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф аз қабили табодули донушҷӯён, таҳсил аз рӯйи модели 2+2, таҳсил дар зинаи магистратура, аспирантура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ, хондани лексияҳо, таҳияи барномаҳои намунавии таълимӣ, ташкил намудани ихтисосҳои нав дар бахши магистратура дорад.
Шартномаҳои ба имзо расонидашуда вобаста ба давлатҳо чунин аст: Россия - 44, Белоруссия - 16, Украина - 21, Қазоқистон - 7, Ӯзбекистон - 14, Озорбойҷон - 4, Қирғизистон – 1, ташкилотҳои дар Тоҷикистон – 5, Ҷумҳурии Мардумии Чин – 12, Корея – 5, Олмон – 3, Туркия - 1, Эрон 1.