Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Таърихи шуъба

Қисми робитаҳои байналмилалии донишгоҳ фаъолияти худро аз соли 1978 оғоз намудааст.

Фаъолияти қисм тибқи низомномаи таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти қисмро мубодилаи донишҷӯён, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, аспирантон ва унвонҷӯён дар хориҷӣ кишвар, коромӯзию тадқиқи якҷояи корҳои илмӣ, тартиб додани лоиҳаҳои байналмилалии ҷустуҷӯӣ ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ, робитаҳои зич бо сафоратхонаҳои хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимиву илмии кишварҳои хориҷи дуру наздик ташкил медиҳанд.

Вобаста ба ин баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар роҳи расидан ба фазои ягонаи таълим ва илми пешрафтаи ҷаҳонӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир, забондон тавассути ҳамкориҳои судманд дар асоси созишномаҳои басташуда бо муассисаҳои олии касбии мамлакатҳои алоҳидаи хориҷи дуру наздик ва ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, дар маҷмӯъ бо 135 (як саду сию панҷ) ташкилоту муассисаҳои олии хориҷи кишвар шартнома оид ба ҳамкорӣ дорад, аз он ҷумла бо: Россия, Белоруссия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озорбойҷон, Эрон, Украина, Ҷумҳурии Мардумии Чин; Олмон, Корея, Туркия, Ҳиндустон. 72,2% созишномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баста шудааст.

Донишгоҳ дар солҳои охир бо мукофотҳои гуногун сарфароз гаштааст, ки муҳимтаринашон инҳоянд: Ҷоизаи «Эраи сифат» ва «Донишгоҳи беҳтарини сол».

Донишгоҳ узви доимии Иттиҳодияи Роҳи Абрешим оид ба таҳсилот ва таҳқиқоти кишоварзӣ, узви Шӯрои ректорони донишгоҳҳои олии кишоварзии кишварҳои ИДМ, узви Шӯрои ректорони донишгоҳҳои олии кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ ва узви шабакаи Донишгоҳҳои Уқёнуси Ором мебошад. Инчунин дорои аккредитатсияи байналмилалӣ аз ҷониби AKVIN ва Нишони фахрии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патент ва иттилоот» мебошад.

2025 obita

2025 obita 1