Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

ЯКУМИН НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ТАҲСИЛОТ ДАР УКРАИНА”

Ба диққати довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хатмкунандагони зинаи бакалавриат, магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ расонида мешавад, ки аз санаи 30 март то 1 апрели соли 2021 дар пойгоҳи ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР, ЯКУМИН НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ТАҲСИЛОТ ДАР УКРАИНАшуда мегузарад. Таъсисдиҳандагони он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Ураина мебошанд.

Мақсади асосии гузаронидани Намоишгоҳ-Ярмаркаи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ин пеш аз ҳама шинос намудани хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, литсейҳо ва гимназияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имкониятҳои навини таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина мебошад. Иштироккунандагони Намоишгоҳ метавонанд, маълумотҳои пурраи лозимаро бевосита аз худи намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Украина оид ба низоми амалкунандаи таҳсилот гиранд ва бо анъанаҳои милливу шароитҳои таҳсил дар дар он ҷо шинос гарданд.

Дар Намоишгоҳи мазкур 50 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин мамлакат иштирок менамоянд

Намоишгоҳ дар ҳудуди бинои асосии донишгоҳ дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 гузаронида мешавад.

ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ