Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо истифода аз таҷрибаи кишоварзони шаҳри Турсунзода”
Субҳи имрӯз, 27 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо истифода аз таҷрибаи кишоварзони шаҳри Турсунзода” дар деҳаи Ботоши ҷамоати деҳоти “Қаратоғ”-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид.













