Пирӯзи муборак!
Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 3 ноябри соли 2023 ҷиҳати рушди футбол дар ҷумҳурӣ ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо МД "Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпи" - и №10 мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони корхонаву идора ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардидаистодааст. Имрӯз дар ин мусобиқа дастаи “Кишоварз”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо дастаи футболи Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе рақобат намуданд. Натиҷаи мусобиқа 8-2 ба фоидаи дастаи “Кишоварз”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба анҷом расид.