Парчам-рамзи ҳувият ва иттиҳоди миллати тоҷик
Санаи 23 – юми ноябри соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи тантанавиро бахшида ба ба Рӯзи Парчами миллии ҷашни Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини ректор оид ба таълим, дотсент Бобозода Шариф Қаноатшо кушода эълон намуданд.
Сипас суруди миллӣ садо дод.
Пас аз сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба таълим, дотсент Бобозода Ш.Қ., сухан ба муовини Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарифзода Наргис Достӣ дода шуд.
Бо маърӯза мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ омӯзгори Неъмонов Б.З. «Пайдоиш ва ташаккулёбии парчам дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон» ва омӯзгори кафедраи таърих ва ҳуқуқ Одинаев А.М. «Парчами Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон – кафили ояндаи дурахшон» баромад намуданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аминзода Манижабону, муовини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд.