Озмуни «Суруди Модар Алла»
Дар санаи 15 феврали соли ҷорӣ дар донишгоҳ тибқи мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 5/1-70-в аз 21 январи соли 2020 бахшида ба Рӯзи Модар ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати дарёфти соҳибистеъдодон, чеҳраҳои нав аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд дар байни донишҷӯдухтарон озмуни «Суруди Модар-Алла»-ро баргузор намуд.
Дар озмуни донишгоҳии «Суруди Модар Алла» Назирзода Саида-донишҷӯи курси 3-юми факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ ғолиб гардид ва ҳуқуқи иштирок дар даври ҷумҳуриявиро ба даст овард.

