Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши гармхонаҳо дар таъмини амнияти озуқавории кишвар: ҳолат ва самтҳои дурнамои он”

Санаи 18-уми декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мизи мудаввар дар мавзуи “НАҚШИ ГАРМХОНАҲО ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ КИШВАР: ҲОЛАТ ВА САМТҲОИ ДУРНАМОИ ОН” доир гардид, ки дар он 24 масълаи марбут ба соҳа баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар кори мизи мудаввар ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, узви вобастаи академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, профессор Маҳмадёрзода Уусмон Маъмур, олимон, коршиносон, магистрантон, омӯзгорон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар воқеъ, бо зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо дар фасли сармо сокинони мамлакат бо маҳсулоти тару тоза таъмин гашта, устувории бозори истеъмолии кишвар нигоҳ дошта мешавад.

1

2

3

4

5