Либоси миллӣ – нишонаи фарҳанги пурғановати тоҷикон
Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум нахоҳад кард. Боиси хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.
Аммо, чи тавре, ки мушоҳида мешавад солҳои охир ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ баҳсҳои доманадор вуҷуд дорад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Бо ин назардошт Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ки таҷассумгари фарҳангу оини миллати тоҷик мебошад, аксияи шаҳрӣ таҳти унвони “Зеби чакану атлас-зебосанами тоҷик”-ро миёни омӯзгорону донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди пойтахт баргузор намояд. Ин иқдоми шоистарои раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дастгирӣ намуда, миёни омӯзгорону донишҷӯдухтарони муассисаи мазкур ин аксияро роҳандозӣ намуд.
Аз ҷараёни аксия маълум шуд, ки дар воқеъ омӯзгорону донишҷӯдухтарони донишгоҳ тарафдори либоси миллии тоҷикон ҳастанд. Моро зарур аст, ки бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллии худамон эҳтиром гузорем ва фирефтаи афкори як идда бадхоҳону бадандешон дар хориҷи кишварҳо нагардем. Зеро мо миллати қадима буда дорои фарҳангу тамаддуни бой ҳастем.