Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

КОНСТИТУТСИЯ-ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ

Таҳти ҳамин унвон санаи 04 ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бо иштроки васеи устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур суханронии муфассал намуд. Ӯ Конститутсияро ҳамчун рукни асосии соҳибистиқлолии кишвар дониста, перомуни бисёр масоили муҳими ҳаёти ҷумҳурӣ изҳори назар намуд. Аз ҷумла, дар бораи ҳаёту фаъолияти ватандӯстона, хислатҳои наҷиб, принсипҳои фаъолият, ибтикорҳои муҳими сарнавиштсозу таърихӣ, нотарсию далерӣ ва дар мачмуъ хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мисолҳо, нақлу ҳикояҳои ҷолиб оварда, саҳми арзандаи ин сиёсатмадори тавоноро дар барқароршавии ҳукумати конститутсионӣ ва сулҳу суботи комил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муассир арзёбӣ намуд. Ҳамчунин ректори донишгоҳ профессор Маҳмадёрзода У. М. дигар масоили доғи рӯзро, аз қабили мушкилию монеаҳои замони муосир, муносибати байни давлатҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва авзои саёраро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, оид ба рафъи монеаву пешомадҳои хатарзо андешаҳои ҷолиб баён намуд. зимни суханронии хеш қайд кард, ки “Мо бояд мавҷудияти Конститутсия - ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳарвақта дида бештар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем ва арзишҳояшро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Конститутсияро ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллии худ - ватану ватандорӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ҷойгузин намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф кунем. Аз хотир набарорем, ки устувории Конститутсия ин устувории ҷомеа ва давлат буда, устувории ҷомеа ва давлат устувории Конститутсия мебошад. Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил маҳсуб меёбад. Ҳамзамон бо ин санади танзимкунандаву муайянкунанда низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин карда мешавад. Расидан ба ҳадафҳои олӣ аз ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, риоя ва эҳтироми Конститутсияву қонунҳо ва аз ҳокимият фаъолияти бонизоми конститутсионӣ, таъмини кафолати ҳамаҷонибаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оштинопазириро нисбат ба қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо тақозо дорад”.

Дар ин чорабинӣ мудири кафедраи таърих ва ҳкқуқ Баҳорзода Сироҷиддин ва омӯзгори калони кафедраи мазкур Амиршоев Ҷумъахон суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки Конститутсия фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият, дастгоҳи давлатӣ ва роҳбарияти сиёсии кишварро ба маҷрои конститутсионӣ равона намуд. Давлат тамоми имконият ва захираҳои мавҷудаи худро барои раҳоӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва якпорчагӣ, баргардондани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сафарбар намуд. Натиҷаҳои фаъолияти конститутсионӣ дар ин аст, ки баробари расидан ба ваҳдати саросарии миллӣ, инчунин рушду инкишофи асосҳои давлату давлатдорӣ, обрӯ ва эътибори байналмилалӣ ва фаъолияти назарраси созандагию бунёдкории давлати соҳибистиқлоламон созмон ёфт. Ҳукумат баъд аз қабули Конститутсия, ки он амалан муносибати ҷомеа ба давлат буд, ба дурустии сиёсати пешгирифтаи худ ва дастгирии он аз тарафи аксари кулли шаҳрвандони мамлакат итминони комил ҳосил намуда, ҷасурона ба фаъолияти созандагию бунёдкорӣ даст зад, ки минбаъд музаффарият ва пешравиҳо онро ҳамроҳ буд.

Конститутсия ҳукми шиносномаи ҳар як давлату миллатро дорад ва дар он номи давлат, тартиботи давлатдорӣ, тарзи ташкили марзиву ҳудудӣ муайян карда мешаванд ва асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Аз инҷост, ки онро бахтномаи миллат, қутбнамои мардум, саодатбахши кишвар тавсиф намудаанд.

Дар охир аз ҷониби Ансамбли «Гулдаста»-и донишгоҳ як барномаи театрикунонидашудаи ҷолибе бахшида ба 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар барнома аз ҷониби ансамбл сурудҳои ватандӯстона дар васфи ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу суботи комил ва наҷоти миллати тоҷик аз парокандагӣ ва муҳтавои башардӯстонаи Конститутсия сурудҳои ҷолиби диққат садо доданд. Мавриди қайд аст, ки чунин барномаҳои рангини фарҳангӣ аз як тараф хотири ширкаткунандагонро шод гардонанд, аз ҷониби дигар барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва зебоипарастӣ тарбия намудани донишҷӯён мусоидат менамоянд.

465278269 576471625037314 4946697975610281326 n

465404963 576471518370658 1157119918003101252 n

465786256 576471751703968 9069365567339750699 n