Худ ва дигаронро аз сироятёбӣ ҳифз намоед
Санаи 15.09.2020 дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе бо иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аксия таҳти унвони «Саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст» оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-2019 баргузор гардид. Дар рафти гузаронидани аксия корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, инчунин ба сокинони пойтахт ниқоби тиббӣ ва маводи безараргардонӣ (антисептик) тақсим карда шуд. Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ чунин аксияро миёни ҷавонон ва сокинони шаҳри Душанбе мегузаронад.








