Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Харидории таҷҳизот дар доираи амалишавии Лоиҳаи “Системаҳои тозакунии обҳои партови ғайримутамарказӣ”

Раёсати Донишгоҳи агарии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тибқи шартномаи ҳамкорӣ (Contract no.: № 17/2023) аз 01.11.2023 то 30.09.2024 бо Ташкилоти ҶБ “Рушди баробарҳуқуқ” – EQUIDEV дар Тоҷикистон дар доираи хизматрасонӣ оид ба гузаронидани таҳлили озмоиши обҳои партов дар минтақаҳои таҷрибавии лоиҳаи “Системаҳои тозакунии обҳои партови ғайримутамарказӣ” бо мақсади таъмини устувории факултети гидромелиоративӣ, харид ва дастрас намудани “Таҷҳизоти маҷмӯавии сайёри LETZTEST барои ташхиси об бо роҳи амалии муайянкунии намудани нишондодҳои миқдории бактерияҳои наҷосатӣ”, озмун таҳти № 01.01 – ОЗМУНИ харид ЭЪЛОН мекунад:

Муҳлати пешниҳоди дархост барои иштирок дар озмун то 03.08.2024

БОРБАРДОР:::Рӯйхати номгӯи харид дар замимаи ЭЪЛОН илова карда шудааст.   

Низоми интихоб:

  • ба талаботи техникӣ мувофиқ будани ҳама таҷҳизотҳои дастрас шаванда.

Шароити озмуни харид:

  • Ҳама намудани саволҳои лозими ҳатман дар намуди хатти бо нишондоди рақами мазкур 224 72 07 ба суроғаи эллектронии зерин E-Mail.: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. то соати 17:00  3 – юми августи соли 2024 равон карда шавад;
  • Ташкилоти дастраскунанда на бояд бо дигар кормандони Донишгоҳ робита ва ё маслиҳати пешаки дошта бошад ба ғайр аз шахсони масъул дар масъалаи мавҷуда;
  • Даъвати мазкур барои иштирок дар тендер ба ҳеҷ ваҷҳ уҳдадориҳоро ба дӯши ДАТ ба номи Ш. Шотемур намегузорад. Уҳдадории шартномави ДАТ ба номи. Ш Шотемур танҳо баъд аз баимзо расонидани тарафҳои шартнома бо довталаби ғолиб эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад;
  • То лаҳзаи ба имзо расидани шартномаи тарафаҳо ҷониби ДАТ ба номи Ш. Шотемур метавонда бидуни ҳуқуқи талаби ҷубронпулб аз харид даст кашад ва ё тартиби раванди озмунро бекор созад;
  • Ҳама хароҷоти марбут ба омодасозӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатнигориҳои тендерӣ аз ҷониби иштирокчиёни тендер ба ӯҳда гирифта мешаванд ва аз ҷониби ДАТ ба номи. Ш Шотемур ҷуброн карда намешаванд.
  • Ҳама иштирокчиёни озмуни харид дар бораи натиҷаҳои ин тартиби озмуни харид ба таври хаттӣ дар натиҷаи гирифтани ин даъватнома огоҳ карда мешаванд;
  • ДАТ ба номи. Ш.Шотемур ҳуқуқ дорад, ки пешниҳодҳои молрасонеро, ки ба ин қоидаҳо риоя намекунанд, рад кунад:

Талаботҳо барои пешниҳоди нархномаи тиҷоратӣ:

  • Ҳангоми пешниҳоди нархномаи тиҷоратӣ, суроғай ҳуқуқӣ, рақами телефони мобилӣ ва почтаи эллектронӣ нишон дода шавад;
  • Нишондодҳои техникӣ, таркибӣ, модел ва инчунин сурати таҷҳизот бо назардошти давлате, ки харид карда мешавад пешниҳод карда шавад;
  • Арзиши таҷҳизот бо сомонӣ пешниҳод карда шавад;
  • Арзиши ҳар як қисми таҷҳизот пешниҳод карда шавад;
  • Кафолат барои таҷҳизоти дастрасшаванда пешниҳод карда мешавад;
  • Пешниҳоди нархномаи тиҷоратӣ бо имзо ва муҳрӣ ташкилот тасдиқ карда баъдан пешниҳод карда шавад;
  • Ташкилот ҳамчун андозсупор аз хизматрасонии худ ҳатман маълумотнома оид ба супоридани андоз аз арзиши иловашуда маълумотнома пешниҳод менамояд, дар ҳолати пешниҳод накардани маълумоти мазкур аз озмун хориҷ куарда мешавад.

Пешниҳоди нархномаи тиҷоратӣ:

  • Пешниҳоди нархномаи тиҷорати ҳатман дар лифофа махкам карда бо муҳр ва дарҷи санаи пешниҳод ба суроғай: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 (Бинои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур) пешниҳод карда шаванд, то соати 17:00 3 августи соли 2024 г.

Муҳлати харид ва дастраскунии таҷҳизот:

  • Муҳлати ниҳои харид ва дастраснамудани таҷҳизот-озмоишгоҳӣ.

Макони дастраскунӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур.