Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани донишҷӯён

Санаи 29.04.2022 баъд аз зӯҳр дар саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур маросими бо тантана сафарбаркунии хатмкардагони соли таҳсили 2021-2022-и донишгоҳ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода У.М. ҳусни оғоз ёфта, ба хатмкардагоне, ки ихтиёран барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҷо ҷамъ омада буданд, муваффақияту бурдбориҳо хоста, дар симои ҳар кадоми онҳо афсарону сарбозони далери Ватан буданро таманно карданд. Ректори донишгоҳ дар суханронии хеш аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, қайд карданд, ки «…мардуми мо хушунату зӯроварӣ ва ҷабру зулми дигаронро ҳаргиз қабул надоранд ва мо барои ҳимояи Ватан, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва осоиши ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард», дар ин замина сафарбаршавандагонро дар рӯҳияи содиқ будан ба Ватан ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Минбаъд, намояндагони Комиссариати ҳарбии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе дар мавриди ғояҳои ватандӯстию ватанпарварӣ, мардиву мардонагӣ, ҷоннисориву шарафмандӣ, ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз ва қарзи шаҳрвандии ҷавонон дар назди Модар-Ватан суханронӣ карданд.

Хатмкардагони қавииродаи донишгоҳ аз суҳбату самимиятҳои ректори донишгоҳ ва намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ ба ваҷҳомада, ҳар кадом бо нидои ВАТАНДОРӢ аз омодагии хеш дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз хабар доданд.

Дар ин маросим 19  нафар ихтиёриён тавассути Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, 1 нафар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва  8 нафар тавассути Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ ба хизмати Ватан-Модар сафарбар карда шуданд.

1

2

3

4

5

6

7