Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Донишгоҳи аграрӣ: Маоши ректор ва кормандон барои мубориза бо COVID-19

rekt 2048x1125

Донишгоҳи аграрӣ: Маоши ректор ва кормандон барои мубориза бо COVID-19

Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон Маъмур низ дар пайравӣ ба Президенти кишвар маоши вазифавии якмоҳаи худро ба Фонди мубориза бар муқобили короновирус гузаронидааст. Дар умум, донишгоҳои мазкур барои мубориза бо COVID-19 45590 сомонӣ кӯмак намуд.

Дар ин бора ба pressa.tj аз Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур хабар доданд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки дар пайравӣ ба ректор чанде аз кормандон низ ба миқдори 9700 сомонӣ ва Раёсати донишгоҳ ба маблағи 5000 сомонӣ ба Фонди мубориза ба муқобили короновирус равона кардаанд.
“Дар умум донишгоҳи мо ба Фонди мубориза бар муқобили короновирус зиёда аз 22 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронид”-хабар медиҳад, манбаъ.
Раёсат ва устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз ибтидо барои пешгирӣ ва мубориза бо короновирус чораҳо андешиданд. Қаблан низ донишкада ба Маркази миллии тибии Тоҷикистон, маъруф ба бемористони Қарияи Боло ба миқдори 13 000 сомонӣ маводи хӯрока ва Маркази тиббии шаҳрии №-1 ба номи Ахмедов ё бемористони Якум Советский бо маблағи 10 250 сомонӣ маводи хӯрока кӯмак карда буданд.
Эстафетаи мазкурро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо бахшидани як маоши вазифавии худ ба Фонди мубориза бо короновирус оғоз кард ва бисёре аз мансабдорон ин ташаббусро пайравӣ карданд. 

https://pressa.tj/tajikistan/donishgoҳi-agrarӣ-maoshi-rektor-va-kormandon-baroi-muboriza-bo-covid-19/?fbclid=IwAR0ItE8D725zLzYbDT2a25bJT9V2pa2nHddmr7oMneLla1NGLW75_R6oKk0