Дастгоҳи муосири il METOS
17 сентябри соли равон дар КВТТ «Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндагони ширкати TICA ва мутахассисони ширкати METOS-и давлати Туркия ва омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои агрономӣ ва гидромелиоративии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур семинар-омӯзиши дастгоҳи муосири il METOS -стансияи агрометереологӣ баргузор шуд. Дастгоҳи мазкур барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқоти ҷиҳати муайян кардани ҳарорати ҳаво, намнокӣ, боришот, намнокии баргҳо, шиддати шамол, шӯрии хок, намии хок, ултрасадои анонометрии шиддат, вазиши шамол, намнокии хок дар 5, 15 ва 25 сантиметр истифода бурда мешавад. Ин дастгоҳ оид ба ҳамаи ин нишондодҳо ҳар соат, ҳар рӯз ва ҳар ҳафта маълумот медиҳад. Дастгоҳи мазкур лаҳзаи обталабии зироатро низ муайян мекунад ва қодир аст, ки маълумоти 7- рӯзаро пешгӯӣ кунад.