БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲО
Дар доираи лоиҳаи “Мубодилаи академӣ”–и барномаи ЕРАЗМУС+ аз санаи 07 то 15.02.2020 устодони донишгоҳ, профессори кафедраи фармакология ва паразитология Розиков Ш.Ш. ва дотсенти кафедраи ҷарроҳӣ ва қобилагӣ Давлатмуродов Т.М. аз пойгоҳи донишгоҳҳои илмҳои табии Латвия ва Эстония дидан намуда, барои донишҷӯёну магистрони донишгоҳҳои мазкур дар мавзӯхои мубрами рӯз «Распространение, диагностика и лечение мастита у коров», «Эффективность современных отечественных и зарубежных антигельминтных препаратов при гельминтозах с/х животных», «Распространение зооантропаразитов в Республике Таджикистан», «Эпизоотологический мониторинг основных гельминтозов в условиях Южного и Центрального Таджикистана», «Лечение и профилактика тейлериоза крупного рогатого скота» лексия хонда, ҳамзамон вобаста ба минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ маълумот доданд. Инчунин дар рафти вохӯри бо ректори Донишгоҳи илмҳои табии Эстония Майт Клаасен созишномаи ҳамкорӣ дар самти таълим ва илм ба имзо расид.