Ба амалҳои коррупсионӣ оштинопазир бошем
20-уми ноябри соли равон дар толори Шӯрои илмии донишгоҳ вохӯрии омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар оғоз аз ҷониби ҳозирин Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуд. Сипас, дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист» гуфтугӯи ошкоро баргузор шуд.
Самандаров И. Ҳ.- муовини ректор оид ба тарбия ҷамъомадро ифтитоҳ намуд. Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод -сарнозири Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия баромад намуда, иштирокчиёнро даъват кард, ки зираку ҳушёр бошанду бо амалҳои коррупсионӣ муборизаи беамон баранд.
Ҳозирин ба саволҳояшон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Ҷамъомад хеле ҷолибу хотирмон гузашт.