Асолати илмӣ ҳақиқӣ ва воқеӣ бошад
4-уми марти соли равон дар донишгоҳ раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Розиқзода Абдуҳамид Шералӣ бо аъзои Шӯрои олимони донишгоҳ, раисон ва котибони комиссияҳои шӯроҳои диссертатсионӣ, аспирантону докторантон (PhD) вохӯрӣ ва сухбати ошкоро баргузор намуд. Ҳамзамон дар вохӯрӣ Бозоров Шарифҷон саркотиби КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дощт.
Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-ректори донишгоҳ ба вохӯрӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки алҳол дар назди донишгоҳ 5 Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин 4 Шӯрои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 Шӯрои диссертатсионии тобеи КОА-и Федератсияи Россия аз рӯйи 2 ихтисос мебошанд. Мазмуну мундариҷаи корҳои илмию таҳқиқотии олимони донишгоҳ маҳз аз талаботи истеҳсолоту вазифаҳои гузошташудаи Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд. Таҳқиқотҳои олимони донишгоҳ бештар ба ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаҳо нигаронида шуда ба таҳкимбахшии ниёзҳо, манфиатҳои миллию давлатӣ ва рушди иқтисодиёти муосири Тоҷикистон бахшида шудаанд. Олимони донишгоҳ баҳри тадбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворӣ тамоми имкониятҳояшонро самаранок истифода менамоянд.
Сипас, Розиқзода Абдуҳамид Шералӣ роҷеъ ба нуктаҳои Паём ва фаъолити Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати ошкоро намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – 30-юмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид. Пешниҳод шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Яъне Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки қутбнамои фаъолияти минбаъдаи мо қарор гирифта, ҳар як сухани ҳикматомӯзи Пешвои миллат моро ба сӯйи худогоҳию худшиносии миллӣ, расидан ба қадри неъмати истиқлолият, озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан, арҷгузорӣ ба фарҳангу забони давлатӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ раҳнамун месозанд.
Мо бояд фаъолиятамонро дар ҳама ҷабҳаҳо тақвият бахшида дар рушди ҷомеа саҳмгузор бошем. Ин амалро ҳангоми иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ бояд дуруст ба сомон расонем. Аз ибтидои фаъолияти КОА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1054 дархост ба он ворид гардидааст. То имрӯз 800 ҳуҷҷат тасдиқ гардида, 78-то рад шудаанд ва 176-то дар баррасӣ қарор доранд. Ҳар ҳуҷҷат тақдири инсонеро дар бар мегирад, аз ин рӯ он бояд тибқи талаботи давру замон омода карда шавад. Набояд маводи хому нимтайёр пешниҳод гардад.
Дар идомаи суханронӣ Розиқзода Абдуҳамид Шералӣ роҷеъ ба проблемаҳои ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бо овардани далелҳои қатъӣ ҳарф зад ва таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри ислоҳи онҳо ҷалб намуда, иброз дошт, ки дар илм бояд рақобати солим ҷой дошта бошаду асолати кор ҳақиқӣ ва воқеӣ бошад, зеро шоир фармудааст:
Илми бе олим дар олам нест,
Олами бе илм олам олам аст.
Устодони донишгоҳ Аҳмадов Б. Р., Норов М. С., Шарифов З.Р., Набиев Т. Н. ба саволҳояшон ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ба вохӯрӣ ҳусни хотима бахшида, ба Розиқзода Абдуҳамид Шералӣ барои доир намудани чунин мулоқоти рӯ ба рӯ ва ошкоро ибрози сипос намуданд ва қайд карданд, ки аҳли донишгоҳ минбаъд бо истифодаи аз иқтидори зеҳнии худ баҳри баланд бардоштани қобилияти рақобати илми ватанӣ корҳои тадқиқотиро ривоҷ медиҳанд.