Артиш бақои умри давлат аст
Дар таърихи 19 – уми феврали соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бахшида ба 28 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи тантанавиро бахшида ба 28 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода У.М. кушода эълон намуданд.
Сипас суруди миллӣ садо дод.
Пас аз сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, сухан ба маърӯзачӣ сардори кафедраи ҳарбии донишгоҳ, полковник Шамсиддинов Камол Асоевич таҳти унвони «Артиш бақои умри давлат аст» дода шуд.
Донишҷӯи курси чоруми факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ Бомуллозода Шоҳсанам сухани табрикотии худро қироат намуд.
Дар анҷом муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, профессор Самандаров И.Ҳ. фармоиши ректори донишгоҳро оид ба ҳавасмангардонӣ, додани мукофотпулӣ ба ҳайати шахсии афсарон ва кормандони кафедраи ҳарбӣ бахшида ба 28 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд.