ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Ҳакорӣ бо Донишгоҳи кишоварзӣ ва ҷангалпарварии Синзяни Чумҳурии Мардумии Чин

Санаи 22.10.19 ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло  ҳайати кории  Донишгоҳи кишоварзӣ ва ҷангалпарварии Синзяни Чумҳурии Мардумии Чинро  баҳузур пазируфта, барои интихоб ва ташрифашон ба ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур изҳори минатдорӣ  намуд. Иброз намуданд, ки донишгоҳ ягона муассисаи олӣ дар кишвар аст, ки мутахассисонро барои соҳаи кишоварзӣ омода менамояд.

Вобаста ба  зинаҳои таҳсил,  ихтисос, факултетҳо, дастовардҳои илмию таълимӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ,  пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ, Институи илмию тадқиқотии “Биотехнология, Маркази такмили ихтисоси кормандони комплекси агросаноатӣ  ва  хоҷагиҳои таълимию таҷрибавиии донишгоҳ маълумот дода, қайд намуданд, ки  айни замон қариб бо 20 муассисаҳои олии   Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои зич дошта, дар  доираи ин созишномаҳои ҳамкорӣ  дар самти таълим ва илм дар соли хониши 2018-2019  беш аз 15 нафар омӯзгорони ҷавон  барои баландбардоштани маллакаи касбии худ аз такмили ихтисос дар пойгоҳи  муассисаҳои мазкур  гузаштанд. Ҳамзамон  меҳмонон низ вобаста ба фаъолият ва  факултетҳои донишгоҳи худ маълумот дода, иброз намуданд, ки Донишгоҳи кишоварзӣ ва ҷангалпарварии Синзяни Чумҳурии Мардумии Чинро танҳо дар зинаи бакалавриат мутахассис омода менамояд, бинобар ин   мо умедворем, ки барои тайёр намудани мутахассисон ва таҳсили онҳо дар зинаи магистратура ва докторантура  (PhD)-и донишгоҳатон ба мо ёрии амалии худро мерасонед. Дар рфти вохӯри созиномаи ҳамкорӣ дар самти илм ва таълим ба имзо расид.