ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Ташрифи намояндагони ташкилоти IFAD

Санаи 17.09.19   бо намояндагони ташкилоти IFAD дар доираи лоиҳаи “Таъмини санҷишгоҳ бо таҷҳизот барои гузаронидани ташхисҳои  кимияёвии алафҳои табии   чарогоҳҳо” вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Дар рафти вохӯри ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло  изҳори минатдорӣ намуда,  иброз намуданд, ки бо дастгирии ташкилот дар доираи лоиҳаи мазкур лабораторияи илмӣ-таълимӣ дар пойгоҳи кафедраи зироаткорӣ ва   истеҳсоли хӯроки чорвои донишгоҳ  бо тамоми таҷҳизотҳои муосир кушода ба истифода дода шуд, ки айни замон донишҷӯён, магистрон ва докторантон истифода мебаранд. Ҳамзамон барои пайваст шудан бо шабакаҳои интрнетӣ таҷҳизот дастрас гардид, ки имкон дод, дар донишгоҳ дарсҳо тариқи фосилавӣ барои донишҷӯёни ғоибона ва гузаронидан ва хондани  лексияҳои проблемавӣ тарриқи бархат бо донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои Россия, Қазоқистон,Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба роҳ монда шуд. Аз рӯи ихтисоси кушодашудаи марғзорпарварӣ давоми дусол 44 нафар довталабон қабул гардида, қисмате аз онҳо дар доираи лоиҳа бо идрорпулӣ таъмин гардиданд.

Ректори донишгоҳ қайд кард, ки Мо умедворем, ки  ҳамкориҳо идома ёфта барои гузаронидани ихтисоси марғзорпарварӣ аз аккредитатсияи  байналмилалӣ ва дар ҳамин ихтисос кушодани курси магистрӣ  мусоидат менамоед. Намояндагони ташкилот низ  аз  ҳамкориҳои судманди дуҷониба  изҳори қаноатмандӣ намуда,  иброз намуданд, ки барои  таъмини базаи миоддию техникии донишгоҳ  дар  пешрафти илми кишоварзӣ  дар доираи имкониятҳо дастгирӣ менамоем.