ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Ташрифи Сафири давлати Ҷумҳурии Изроил ҷаноби Эдвард Шапираро

Санаи 11.09.19 ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло Сафири давлати Ҷумҳурии Изроил ҷаноби Эдвард Шапираро  баҳузур пазируфта, барои интихоб ва ташрифашон ба ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур изҳори минатдорӣ  намуд.

Иброз намуданд, ки донишгоҳ ягона муассисаи олӣ дар кишвар аст, ки мутахассисонро барои соҳаи кишоварзӣ омода менамояд. Вобаста ба  зинаҳои таҳсил,  ихтисос, факултетҳо, дастовардҳои илмию таълимӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ,  пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ, Институи илмию тадқиқотии “Биотехнология, Маркази такмили ихтисоси кормандони комплекси агросаноатӣ  ва  хоҷагиҳои таълимию таҷрибавиии донишгоҳ маълумот дода, қайд намуданд, ки бо вуҷуди тамоми пешравиҳо дар самти таълим ва илм, меарзад, ки аз комёбиҳо ва натиҷаҳои илмию тадқиқотии олимони соҳаи кишоварзии Изроил бархӯрдор  гардем. Сипас риштаи суханро ба ҷаниби сафир Эдвард Шапира доданд.

Ҷаноби Сафир иброз доштанд, ки  бо мақсади ҳамкорӣ намудан дар самти таълими ва  илм ин боргоҳи илму маърифатро интихоб намудам. Шумо аз натиҷаҳои илмию тадқиқотии олимони изроилӣ  дар самти кишоварзӣ, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар бохабар ҳастед, мо омодаем барои ҳамкорӣ. Дар навбати аввал мутахассисони соҳаи кишоварзиро барои хондани лексияҳои проблемавӣ бо донишгоҳатон  равона намуда, дар доираи барномаи МАШАВ олимону кормандони донишгоҳро барои такмили ихтисос дар самтҳои мелиоратсия, ҳимоя ва карантини растаниҳо, зироаткории узвӣ, истифодаи нуриҳои маъданию органики,пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳо равона равҷона созем.  Дар баробари ин метавонем дар якҷоягӣ бо бо ҳайати профессорону омузгори донишгоҳ дар пойгоҳи хоҷагиҳои таълимию таҷрибавии донишгоҳ корҳои илмию таълимӣ гузаронем.